Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри китоби "Тоҷикистон: хабарнигорон дар ҷанги шаҳрвандӣ"



Саидқосими Қиёмпур

Олег Панфилов мегуяд, ин китоб ёде аз гузашта ва ҳушдоре барои фардост.

Нашриёти "Права человека"-и Маскав китоби Олег Панфилов "Тоҷикистон: хабарнигорон дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997"-ро нашр кард.

Олег Панфилов, яке аз маъруфтарин хабарнигорони русзабони Тоҷикистон аст, ки ҳоло сарварии Маркази журналистикаи экстрималии Русияро бар душ дорад. Дар китоби нави у дар бораи фаъолияти журналистони Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилӣ, куштор, таъқибу фишор ва ба маҳкама кашидани онҳо, кушишҳои ҷорӣ намудани сензураи шадид дар кишвар, нашри аввалин расонаҳои мустақил ва иҷборан баста шудани онҳо маводи фаровоне ҷамъ омадааст.

Ба иттилоъи муаллиф, тули ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 73 хабарнигор аз дунё даргузаштааст, ки ҳудуди 20 нафарашон барои фаъолияти хабарнигорӣ ва теъдоди зиёде бар асари сокини ин ё он маҳалли Тоҷикистон буданашон ба қатл расидаанд. Дар ин муддат даҳҳо хабарнигорону адибон, аз ҷумла шоир Бозор Собир, собиқ раиси кумитаи садову симои кишвар Мирбобои Мирраҳим, раиси телевизиони тоҷик Аҳмадшоҳи Комил ва корманди телевизион Хуршед Назаров боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Бо Олег Панфилов дар тамос шудем ва аз у хоҳиш кардем, ки дар бораи китоби нав ба шунавандагон иттилоъи бештар диҳад.

Олег Панфилов гуфт: "Ин китоб на фақат дар бораи хабарнигорон, балки бештар дар бораи он айём аст, дар бораи ҳаводисе, ки хабарнигорон ба гунае дар онҳо ширкат доштанд. Ва ин китоб метавонад посух ба иттиҳомоти сиёсатмадорон ва афроди гуногун алайҳи хабарнигорон бошад, иттиҳомоте, ки гуё ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо айби журналистон сар задааст. Ва ман тасмим гирифтам, ки ҳаводиси он рузҳоро ба ёд орам ва дар бораи ташаккули матбуоти мустақили Тоҷикистон китобе нависам. Зимнан, журналистикаи тоҷик таҷрибаи ғанӣ дорад ва агар матбуоти он солҳоро бо матбуоти дигар кишварҳои собиқи шуравӣ муқоиса кунем, мебинем, ки матбуоти Тоҷикистон то охирҳои соли 1992 бештар озод ва касбӣ буд.

Ин китоб на танҳо ёдоварӣ аз он солҳо, балки ҳамчунин як даъват аз мақомоти Тоҷикистон аст, ки қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро ба ёд оваранд. Ман гумон мекунам, роҳбарони кишвар бояд дар бунёди муҷассама ва ё лавҳаи ёдгорие иқлом кунанд, зеро хабарнигорон он бахши ҷомеаянд, ки ба ёдбуд ва посдошти хотира сазоворанд."

Аз Олег Панфилов суол мекунам, ки ҳангоми навиштани китоб кадом мушкилу душвориҳо ӯро домангир буданд?

Олег Панфилов: "Мушкил фақат дар он буд, ки аз соли 1994, вақте ба навиштани китоб шуруъ кардам, то соли 2001, яъне то он замоне ки ман барои сафар ба Тоҷикистон имкон пайдо намудам, маҷбур будам маводро дар Маскав, Теҳрон, Исломобод, Афғонистон ва дигар кишварҳо ҷамъ намоям. Ман маҷбур будам он хабарнигоронеро биҷуям, ки дар бораи ин ё он ҳодисаи ба сари худашон ва ё ҳамкасбонашон омада иттилоъ диҳанд. Мушкили аслӣ фақат дар ҳамин буд."

Ва аммо оё чунин ҳам рух додааст, ки барои дубора навиштани ин ё он саҳифа ва ё бахши китоб маҷбур шудаед?

Олег Панфилов: "Чунин ҳодисаҳо рух медоданд, вале кам, он вақт пайдо намудани иттилоъ душвор буд, аз суи дигар бархе аз хабарнигорон маҷбур буданд пинҳон шаванд ва аз ин ру чанд муддат онҳоро ғайбзада мешумурданд ва ҳатто овозаҳое дар бораи ба қатл расидани онҳо паҳн мешуданд. Бигирем, Муҳаммадалии Ҳайитро, ки дар борааш чанд сол ягон хабар набуд. Ва ман гумон мекунам, ки дар ҳақиқат китоб бояд он солҳо нашр намешуд, зеро он вақт лаҳнаш шояд сахттар мебуд."

XS
SM
MD
LG