Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Майкрософт" чатхонаҳояшро мебандад



Хиромони Бақозода

"Майкрософт" вусъати мукотиботи бадахлоқонаро тавассути чатхонаҳо далел меорад, вале оё вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ширкати "Майкрософт" гуфт, тасмим гирифтааст кулли ба истилоҳ чатхонаҳои худро дар 28 кишвари ҷаҳон бубандад. Ин маънои онро дорад, ки акнун хадамоти интернетии ширкати "Майкрософт", ки дар он суҳбатҳои ҳамзамони компютериро анҷом додан мумкин буд, баста мешаванд.

Мақомоти ширкат мегуянд, дастрасии озод ва камарзиш ба чатрумҳои Майкрософт бойиси рушди ҳама гуна матолиби нозарур ва маълумоти тарғибкунандаи фаҳшу фасод гаштаанд. Шуруъ аз 14 октябри соли ҷорӣ чатхонаоҳи "Майкрософт Корпорейшн" дар кишварҳои Аврупо, Ховари Миёна, Африқо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ баста мешаванд.

Бино ба иттилои ширкати интернетии "Телеком Текнолоҷи", дар қаламрави Тоҷикистон ширкати "Майкрософт" намояндагӣ надорад, аммо дастрасӣ ба хадамоти интернетӣ ва суҳбатҳои ҳамзамони компютерӣ дар ин кишвар коре мушкил нест.

Фотима, як масъули бахши интернет-кафеҳои ширкати "Телеком Текнолоҷи" дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сайтҳои порнографиву дигар матолиби ғайришаръӣ хеле осон аст. У гуфт: "Аслан, ман медонам, ки интернетро боз карда ба осонӣ ва бемушкил ба саҳифаҳои порнографӣ дастрасӣ ёфтан мумкин аст. Ин кор дониши зиёд намехоҳад ва ҳамчунин шарт нест, ки шумо кори интернетро бисёр хуб омухта бошед. Агар шумо дар хона компютер дошта бошед, метавонед компютери худро ба интернет пайваст карда, ҳама чизи дилхоҳро дидаву истифода кунед".

Кормандони ширкати "Телеком Текнолоҷӣ" мегуянд, муштариёни хадамоти чат ё суҳбатҳои компютерӣ ба ҳеҷ сурат мавриди назорати кормандони интернет-кафеҳо қарор намегиранд, зеро худи амали мушоҳида аз кори нафаре дар сари компютер берун аз одоб аст.

Дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо адад интернет-кафеҳо фаъолият мекунад, ки беш аз 20 адади онҳо дар пойтахт, шаҳри Душанбе тамаркуз ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG