Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи маркази иттилооти Орус дар Душанбе



Хиромони Бақозода

Ин марказ ба гирдоварӣ ва нашри ахбору маълумот дар бораи вазъи муҳити зист мазғул мешавад.

Дар чаҳорчуби иҷрои муқаррароти Созишномаи Орус ва дар идомаи ҳамкории муштараки дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Душанбе бо вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон дируз дар пойтахти ин кишвар маркази иттилоотии захираҳои Орус ифтитоҳ ёфт.

Муовини вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон Рустам Латифов ифтитоҳи ин марказро як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти Тоҷикистон ва дар ҷараёни ислоҳоти демократӣ ва таъмини шаффофияти кори мақомоти ин кишвар номид.

Раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе Ивз Бергайн гуфт, созишномаи Орус қарордодест, ки ҳуқуқи экологиро бо ҳуқуқи башар пайванд медиҳад ва САҲА иҷрои шароити ин созишномаро ба хотири тақвияти ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

Изабелла Мишалек, масъули барномаҳои муҳитзистии маркази САҲА дар Душанбе дар бораи вазифаҳои дигари ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Маркази иттилоотии зистмуҳитӣ дар Душанбе пеш аз ҳама бо ҳадафи кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи иҷрои эъломияи Орус таъсис гардид. Мо бояд чанд паҳлуи муҳими фаъолияти ин марказро номбар кунем. Ин пеш аз ҳама ташкили мизигирдҳову нишастҳои таҳлилӣ дар робита бо масоили экологии кишвар аст. Хеле муҳим аст, ки мо аҳолии Тоҷикистонрро бо ахбори зистмуҳитӣ таъмин карда тавонем. Дар робита бо ин маркази нав ҳадаф дорад, соле чаҳор дафъа бюллетени иттилоотиро нашр намояд, ки дар он маълумоти вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон, гузоришҳо оид ба вазъи муҳитзистии кишвар ба табъ мерасанд. Дар баробари ин, моҳе як бор марказ ба нашри хабарҳои тоза аз барномаҳои зистмуҳитии кишвар машғул мешавад".

Қарор аст, маркази тозатаъсис дар бораи масоили экологӣ ба мардум маълумот дода, саҳифаи вижаи интернетиашро низ боз кунад.

XS
SM
MD
LG