Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири кулли НАТО ба Душанбе омад



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҷорҷ Робертсон, дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ рузи чаҳоршанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугу анҷом дод.

Вай натоиҷи мулоқоташро ба хабарнигорон чунин тавзеҳ дод:"Мавзуъи умдае, ки дар ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт, муборизаи байналмилалӣ алайҳи терроризм буд, зеро Тоҷикистон дар хатти муқаддамотии минтақаи доғ ва ноамн ҷойгир шудааст. Мо - ҳам НАТО ва ҳам Тоҷикистон - ба ҳайси узви барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ" бо истифода аз имконоти худ мушаххас кардем, чӣ гуна метавонем террористонро, ки аз ҳисоби тиҷорати маводи мухаддир худ ва гуруҳҳояшонро таъмин мекунанд саркуб намоем."

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ гуфт, ки ҳарчанд Тоҷикистон тоза ба ин барномаи НАТО пазируфта шуд, миёни кишварҳои узв мақоми хосеро ба даст овардааст.

Дар посух ба ин савол, ки оё НАТО омода ҳаст ба Тоҷикистон кумакҳои низомӣ расонад, Ҷорҷ Робертсон чунин посух дод: "Масъалаи кумакҳои низомӣ дар маркази таваҷҷуҳи барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ" қарор дорад ва Паймони мо манфиатдор аст, ки Тоҷикистон соҳиби нируи низомии мудерн ва аз ҳар лиҳоз таъмин бошад ва мо омода ҳастем кумакҳои амалии худро дар ин замина ба Тоҷикистон бирасонем".

Ба нишони аввалин кумакҳои амалии НАТО ба Тоҷикистон дар бахши низомӣ оқои Робертсон аз таъсиси як омузишгоҳи низомӣ барои нируҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамроҳии САҲҲ иттилоъ дод, ки қарор аст соли оянда дар Душанбе ифтитоҳ шавад.

Ҷорҷ Робертсон, дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, тибқи барномаи сафараш ҳамчунин бо раисони ҳарду палатаи Маҷлиси Олӣ, сарвазир, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва бо сафирони кишварҳои узви ин паймон дар Душанбе низ дидору гуфтугуҳо анҷом дод. Оқои Робертсон субҳи 25 сентябр Душанберо ба қасди Тошканд тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG