Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ ба ҳукумат эътироз намуд



Мирзои Салимпур



Раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як баёния аз давлат тақозо намуд, масъалаи нашри як матлаби пуриддаои ожонсии давлатии "Ховар"-ро дар бораи раиси ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ баррасӣ кунад ва дар ин робита чораҳои зарурӣ андешад.

ҲНИТ нашри ин матлабро амали иғво ва мухолифи шароити сулҳи Тоҷикистон номид ва гуфт, умед дорад, ки чопи ин матлаб кори худсаронаи ожонсӣ буда, ин амал бо дастури ҳукумати Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

Дар як матлаби дар саҳифаи интернетии "Ховар" нашршуда раиси ҲНИТ дар ҷумлаи дастандаркорони куштори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Собирҷон Бегиҷонов ном бурда мешуд.

Чанде пеш Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ ҳар навъ мушорикаташ дар ин кушторро бебунёд номида, шадидан рад кард.

XS
SM
MD
LG