Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи воҳиди иттилоотӣ ташкил мешавад



Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи сешанбе бо пуштибонии молии Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ як шабакаи воҳиди иттиллотӣ миёни ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Хонум Насра Ҳассан, намояндаи минтақавии СММ дар Осиёи Марказӣ дар маросими тақдими таҷҳизоти техникӣ ҷиҳати таъсиси шабакаи мазкур гуфт, Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои аслии гузаргоҳи маводи мухаддир боқӣ мондааст. Хонум Ҳасан афзуд, аз се як ҳиссаи маводи мухаддире, ки дар Афғонистон тавлид мешавад, аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо интиқол меёбад.

Ба ин манзур ва ба хотири дастрасӣ ба ахбори фаврӣ ва табодули иттилоъ таъсиси як шабакаи иттиллоотии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ барои сохторҳои қудратии кишварҳое, ки алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебаранд, ногузир мебошад.

Генерал Рустам Назаров, раиси джонсии назорат бар маводи мухаддири назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, бо таъсиси ин шабака бахшҳои зидахли сохторҳои қудратии кишвар имконияти муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаро барои ифшои ашхосе, ки даст ба қочоқу интиқоли маводи мухаддир мезананд ва ё афроде, ки бо онҳо ҳамдастӣ доранд ва ҳамчунин шароитро барои муайян кардани ҷой ва ё пинҳонгоҳҳои маводи мухаддир ва аз кадом нуқтаи марз ворид шудани пайдо хоҳанд кард.

Рустам Назаров гуфт, ҳадафи таъсиси шабакаи воҳиди иттиллоотӣ таҳлил ва баррасиву ироаи маълумот дар бораи маводи мухаддир мебошад ва дар сурати ташкил ва истифодаи хуби ин шабака дар Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ки шабакаҳои мушобеҳ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсис ёбад.

Оқои Назаров афзуд, ки бо таъсиси ин шабака дар ожонсии назорат бар маводи мухаддир се нафар мутахассис дар Душанбе ва ду нафар дар Кобул ба кор ҷалб мешаванд. Раиси ожонсии назорат бар маводи мухаддир ҳамчунин гуфт, ки сайт ва ё саҳифаи интернетии идораи онҳо низ ташкил шудааст ва рузҳои наздик он ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG