Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Малайзия талоши ҳамкорӣ доранд



Раҳматкарими Давлат



Дар мулоқоти рузи сешанбеи Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фиристодаи дипломатии Малайзия Маҳд Зайн ибни Абубакр масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар барасӣ шудааст. Ибни Абубакр баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳоли ру ба инкишоф мебошад.

Маҳд Зайн ибни Абубарк мегуяд: "Мо ба масъалаи густариши муносиботи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ аҳамияти хос қоил ҳастем. Замина ва имконоти ҳамкорӣ мавҷуд мебошад. Ва мо барои густариши ин муосибот талош мекунем. Дар ин робита мо аз боз шудани намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар куала-Лампур истиқбол мекунем."

Оқои Абубакр афзуд, сафорати Малайзия дар пайи омузиши имконоти Тоҷикистон дар заминаи сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ мебошад ва баъд аз ирсоли як гузориш дар ин бора қарор аст ҳайати бозаргонон ва соҳибкорони Малайзия аз Тоҷикистон боздид кунад.

Зафар Саидов, сухангуи раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмонов дар ростои густариши муносиботи тиҷоратӣ хостори ҳамкории Малайзия дар заминаи ворид кардани технологияи муосир ва бунёди як коргоҳи насби техналогияи компютерӣ ва радиотехникӣ шудааст.

Аммо бино ба иттилои вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то кунун сатҳи муносиботи тиҷорати ду кишвар дар мизони хеле паст қарор дошта ва созишномаи миёни Малайзия ва Тоҷикистон дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар ҳоли таҳия шудан аст ва қарор аст то чанд вақти дигар ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG