Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газ наздик ба тамом шудан аст



Мирзои Салимпур



Бино ба маълумоте, ки хабаргузории "Азия Плюс" аз ширкати гази Тоҷикистон дарёфт кардааст, дар ихтиёри Тоҷикистон аз лимити имсолаи газе, ки аз Узбакистон харида мешавад, танҳо каме бештар аз 32 милён метри мукааб боқӣ мемонад ва ин миқдор фақат то охири моҳи сентябр кифоят мекунад.

Вазорати энержии Тоҷикистон мегуяд, барои харидории гази лозим дар се моҳи боқимондаи сол ширкати газ тақрибан ба 8 милён доллар зарурат дорад. Эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар семоҳаи охири сол баробари 170-180 милён метри мукааби газ ҳисоб шудааст.

Гуфта мешавад, камбуди газ боиси қатъ шудани тавзеъи он дар бисёре аз навоҳии кишвар шуда, аксари нуқтаҳои фуруши газ низ аз фаъолият бозмондаанд.

XS
SM
MD
LG