Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари ҳабси дипломатҳо такзиб шуд



Мирзои Салимпур



Рузи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон нишасти навбатии вазирони умури дохилаи кишварҳои муштаракулманофеъ бидуни кадом натиҷа ба пойин расид. Дар ин ҷаласа бояд масоили мубориза бо терроризму ҷудоиталабӣ, тундгароӣ ва қочоқи инсон, ҳамчунин мавзуъи таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар қаламрави ин кишварҳо баррасӣ мешуд.

Аммо хабари боздошти як почтаи дипломатӣ дар шаҳри Макав, ки гуфта мешавад, ба мақомоти идпломтаии яке аз кишварҳои муштаракулманофеъ тааллуқ доштааст, соъири мавзуъҳоро дар нишасти хабарии вазирони умури дохила ба мадди дуввум бурд.

Муовини аввали вазири умури дохилаи Русия Владимир Василйев гуфт, ин хабарро бо вазари хориҷа ва раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар миён гузоштааст ва ҳарду онҳо аз шунидани он мутаассир шудаанд.

Хабари боздошти почтаи дипломатӣ бо 10 кило ҳероин дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав дар маҳфилҳои Русия низ вокунишҳои гуногун бор овард.

Рузномаи "Известия" бо истинод ба манобеъи худ навишт, ки маводи мухаддири мусодирашуда ба ходимони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тааллуқ доштааст. "Известия" меафзояд, бори аввал нест, ки дипломатҳои Тоҷикистон бо қочоқи маводи мухаддир робита дода мешаванд.

Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳар навъ иртиботи дипломатҳои тоҷик бо ин ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро шадидан такзиб кард.

Владимир Василйев низ дар пай гуфт: "Ман бо қатъият ва бо масъулияти том изҳор медорам, ки дипломатҳои тоҷик бо ин қазия ягон дахл надоранд."

XS
SM
MD
LG