Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар марз бояд як кас ҷавоб гуяд!"



Раҳматкарими Давлат

Аммо кӣ? Марзбонони рус ё сарҳадбонони тоҷик?

"Ин беҳокимиятӣ дар марз аст. Дар марз бояд як кас ҷавоб гуяд: ё сарҳадбонони рус ҷавоб гуянд ё сарҳадбонҳои тоҷик. Ман сад фоиш боварӣ дорам, ки мо тайёр ҳастем барои гиирфтани хатти марз."

Ин гуна изҳори назари фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон баҳсу мунозира ва гуфтугузорҳое ба бор овард. Ин суханони генерал Нуралишоҳ Назаров акнун нозирони умурро интизори қадами баъдии ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин масъала кардааст.

Аммо қадами баъди чӣ хоҳад буд? Ва ё қабл аз он ҳам чӣ ангезае фармондеҳони нируҳои марзбониро ба ин пешниҳод, ки омодаанд ба ҷойи марзбонони рус ҳифозати марзҳои ин кишварро бар душ бигиранд, водор кардааст? Заминаи ин иқдом метавонад чанд ҷиҳат дошат бошад: аз мустақил ва нируманд шудани созмони марзбонии кишвар ва рафъи таҳдидоти Толибон то масъалаи сардии муносибот бо Русия.

Аммо ба назари коршиносон ин андеша дар заминаи ҳама омилҳо буруз кардааст. Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки ин як раванди табиӣ ва усулист: "Тоҷикистон то андозае вазъро бо кишварҳои дигари ҳамсояи Афғонистон Узбакистон ва Туркманистон муқоиса мекунад, то бубинад оё ин кишварҳо марзи худро бо Афғонистон метавонанд ҳимоят кунанд. Ва ҳамин тавр дар 12 соли истиқлолият Тоҷикистон ба хулосае расидааст, ки метавонад аз марзҳояш ҳимоят кунад. Ин раванди табиии хоси ташакули давлатҳои тозабаистиқлолрасидааст."

Аммо Рашид Ғанӣ, коршиноси дигар мегуяд, алорағми ин гуна иддао марзбонони тоҷик барои якбора ба уҳда гирфтани ҳимояти марз имкон надоранд ва ин барнома дар сурати мувофиқа шудан бояд тайи чанд марҳила амалӣ шавад. Ба гуфтаи у, дар марҳилаи аввал бояд шароити ҳузури нируҳои марзбонии русӣ тағйир кунад ва марз ба таври муштарак ҳимоят шавад, зеро дар ин ҳол нируҳои марзбонии Тоҷикистон ба тадриҷ таҷрибаи ҳимояти марзро ҳосил хоҳанд кард.

Рашид Ғанӣ: "Ин марз хеле тулонист ва ҳимоят он душвор низ ҳаст ва замон мебарад, то ин ки Тоҷикистон битавонад аз ҳама лиҳоз ин марзҳоро комилан ҳимоят кунад. Ҳимояти марз имкони зиёди молӣ ва моддиро мехоҳад, хубраи аскариро мехоҳад, ки Тоҷикистон ба тадриҷ ин ҳамаро касб карда истодааст. Ва ҳимояти сарҳадот дараҷаи олии касбу малакаро талаб мекунад, ки ба як солу ду сол касб кардани он душвор аст."

Вале Нуралӣ Давлат мегуяд, Русия ҳамчунон талош хоҳад кард, то ҳадди ақалли ҳузуру нуфузи худро ҳифз кунад. Ва ба ин далел, ба ақидаи у, музокироте, ки қарор аст оғоз шавад, тулонӣ хоҳад буд: "Ман чандон бовар надорам, ки Русия ба ҳама пешниҳодоти Тоҷикистон розӣ шавад, зеро Русия медонад, ки агар аз Тоҷикистон равад, нуфузи худро дар Осиёи Миёна ва Афғонистон аз даст медиҳад. Аз ин лиҳоз, талош мекунад то дар марзҳои Тоҷикистон ҳамчунон ҳадди ақалли нуфузи низомии худро нигоҳ дорад."

Ба назари коршиносон, музокироти Тоҷикистону Русия ва талошҳои ахири ҳукумати Душанбе ҷиҳати бознигарии шароити ҳамкорӣ, хусусан ҳамкориҳои низомӣ бо Русия танҳо дар ростои сардии муносибот ва фосила гирифтани ду кишвар кобили баррасӣ нест, балки ин вазъ паёмест аз фароҳам шудани имконоти бештар барои ҳамкории Тоҷикистон дар баробари Русия бо соъири кишварҳо.

Рашид Ғанӣ мегуяд: "Ин нишонаи мутааддид гаштани ростои ҳамкории Тоҷикистон бо олами беруна мебошад. Яъне Тоҷикистон бо шарафи истиқлолияташ ва бо шарафи ҷойгоҳаш дар арсаи байналмилалӣ имкон пайдо кард, ки натанҳо бо як кишвар ҳамкориҳои густарда дошта бошад, балки ҳамкори бо кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва Амрико аз ҷумла имконоти амниятии Тоҷикистонро зиёд мекунад."

Ба ҳар сурат, бино ба ахбори манобеи мухталиф, ҳукумати Тоҷикистон барои таҳрир ва бознигарии созишномаи миёни ду кишвар як комиссия таъсис кардааст ва ин комиссия бояд то ду рузи дигар тарҳи пешниҳодотро барои барасии ҷаласаи ҳукумати кишвар омода кунад. Ин пешниҳодот дар ҷаласаи ҳукумат ниҳоӣ ва аз тариқи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Русия ироа хоҳад шуд.

Аммо гуфта мешавад, дар миёни аъзои ҳукумати Тоҷикистон низ ашхоси мухолифи пешниҳоди кумитаи марзбонӣ ва муътақид ба ҳузури ҳатмии нируҳои русӣ ҳастанд. Ба бовари бисёре аз соҳибназарон, ҳар навъе, ки масъалаи пешниҳодот ҳал нашавад, нируҳои русӣ дар марз бо Афғонистон барои як мудати дигар низ боқӣ хоҳанд монд.

Аммо дар ҳоле, ки мақомот ва сиёсатшиносон саргарми баҳс бораи шароити ҳузури нируҳои русӣ ҳастанд, ҳазорон тан ҷавон, ки дар сафҳои нируи марзбони Русия тибқи қарордод адои вазифа мекунанд, дар фикри таъмини шароити маишати хонаводаҳои худ дар сурати гум кардани ҷойи корашон шудаанд.

XS
SM
MD
LG