Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ ташкил ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Намояндагии созмони амрикоии Институти Миллии Демократия дар Тоҷикистон нахустин нишасти созмонҳои ғайридавлатии ин кишварро ба хотири созмони як эътилофи нави сиёсӣ дар Тоҷикистон 22 сентябр баргузор кард.

Дар ҳамоиш намояндагони беш 50 созмони ғайридавлатии кишвар, ки фаъолияти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ доранд, ҷамъ омаданд.

Скотт Кирин, намояндаи доимии Институти Миллии Демократия аҳмаият ва зарурати таъсиси чунин як эътилофи сиёсӣ бо ширкати созмонҳои ғайридавлатиро таъкид намуд ва гуфт, Институти мазкур то кунун муваффақ шудааст, ки дар кишварҳои собиқ шуравӣ ба монанади Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон ва дар кишварҳои дигар чунин як эътилоф таъсис диҳад, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳузури рушан дошта бошад.

Масалан номи чунин эътилоф дар Қирғизистон "Коалитсия барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" унвон дорад. Намояндаи ин эътилоф дар Қирғизистон Динора Ашурхонова гуфт, дар фаъолияти чандсолаи ин эътилоф чандин чеҳраҳои сиёсии кишвар ба онҳо пайваста дар маъракаҳои сиёсии Қирғизистон ширкат кардаанд.

Яке аз бунёдгузорони коалитсияи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, раиси созмони "Цивилизатсия" Латиф Ҳадязода дар бораи аҳдофи ин коалитсия чунин гуфт: "Бале, ин эътилоф як уҳдадорӣ хоҳад буд барои ширкат дар корҳои сиёсии кишвар. Ва ҳамчуноне ки медонед, дар банди ахири изҳороти созмонҳои ғайридавлатӣ омадааст, ки коалитсия аз ҳеҷ як ҳизби алоҳидаи сиёсии Тоҷикистон пуштибонӣ нахоҳад кард.Ин дар оянда ба як ҳаракате табдил хоҳад шуд,ки дар маъракаҳои интихоботии кишвар ширкат хоҳад кард".

Эътилофи мазкур ҳамчунин намояндагони худро барои назорат бурдан ба ҷараёни интихоботҳо омода мекунад ва намояндаи худро ба интихоботи порлумон ва раёсати ҷумҳур пешниҳод намуда, дар ҳаёти сиёсии кишвар ширкати фаъол мекунад.

Ва аммо бархе аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар ҳоли ҳозир намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон барои таъсиси чунин як эътилоф аз лиҳози равонӣ омода нестанд.

Иштирокдорони ин ҳамоиш дар поёни нишаст як изҳорот қабул намуданд, ки дар он гуфта мешавад эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳеҷ як ҳизби алоҳидаи сиёсӣ пуштибонӣ намекунад, вале демократия ва арзишҳои онро ҷонибдорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG