Пайвандҳои дастрасӣ

Се сол мешавад Хатлонӣ бо мо нест



Мирзои Салимпур



Шаби 20 ба 21 сентябри соли 2000 дар шаҳри Маскав хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Искандари Хатлонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Қотил ё қотилони у Искандарро дар манзилан бо зарби табар куштанд.

Аз он ҳодиса имруз се сол мегузарад, аммо расидагӣ ба он фоҷиа то ҳол натиҷае надодааст ва маълум нест, ки дасти кадом қотил ба сари ин шоири пурҳунар ва хабарнигори хушқалам табар зада буд.

Додситонии Маскав парвандаи қатли Искандарро шояд кайҳо ба бойгонӣ ва ба ҳамин тартиб ба боди фаромушӣ дода бошад, аммо ёди у ҳамеша бо мост ва садои ширину гуворояш то ҳануз дар гуши мухлисону шунавандагони Искандари Хатлонӣ бо ҳамон ҷаззобат ва ширинии қадим садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG