Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик дар Ижевск боздошт шуд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Дар шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори афроди аввали ҷумҳурӣ ва низомиёни рус дар Тоҷикистон аз суи мақомоти милисаи Удмуртистон боздошт шуд. Дар гузоришҳо тавзеҳ шудааст, ки боздоштшуда узви фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон аст, вале ба манофеъи бозрасӣ азифшои номаш худдорӣ мешавад.

Сухангуи вазорати умури дохилаи Удмуртистон Григорий Гусаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки ин боздошт дар заминаи бозхости вазорати умури дохилаи Тоҷикистон анҷом шудааст. Вай гуфт, дастгиршуда дар барканорсозии ҷисмонии шахсиятҳои аввали Тоҷикистон ва ҳамчунин низомиёни вазорати дифоъи Русия ва аъзои хонаводаи онҳо гумонбар дониста шуда, ҳадафи вай эҷоди бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон будааст.

Сухангуи пулис афзуд, ин нахустин боздошти як шаҳрванди тоҷик бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористист ва ҳукми истирдоди уро додгоҳи Удмуртистон ҳануз содир накардааст.

Тайи як соли охир 229 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ширкат дар гуруҳҳои террористӣ боздошт шудаанд. Ин оморро Борис Гризлов, вазири умури дохилаи Русия, дар дидор бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов дар Маскав миёнаҳои моҳи август эълом дод.

XS
SM
MD
LG