Пайвандҳои дастрасӣ

"Хатари тундгароиву терроризм побарҷост."



Мирзонабии Холиқзод



Раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов ҳамтоёни худ аз соъири кишварҳои муштаракулманофеъро дар бораи эҳтимоли афзоиши тундгароии исломӣ ва бурузи ҳамлаҳои террористӣ дар марзҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор додааст. Абдураҳмон Азимов зимнан омодагии сарҳадбонони тоҷик барои ҳифзи мустақилонаи марзҳои ин кишвар бо Афғонистонро такрор кард.

Ду руз пеш муовини аввали раиси кумитаи марзбонӣ Нуралишоҳ Назаров гуфт, марзбонони тоҷик тайёранд марзбонони русро дар марз бо Афғонистон иваз кунанд. Оқои Назаров бо ибрози нигаронӣ аз фаъолиятҳои гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, бахши бузурги қочоқи маводи мухаддир, марзшиканӣ ва гаравгонгирии марду мдар он минтақаҳои марзӣ сурат мегирад, ки таҳти назорати сарҳадбонони рус қарор доранд.

Тафсилоти ин мавзуъ дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG