Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости телевизиони "Азия Плюс" рад шуд



Раҳматкарими Давлат



Комиссияи литсензионии Кумитаи радио ва телевизони назди ҳукумати Тоҷикистон дархости ожонсии "Азия Плюс"-ро барои гирифтани иҷозаи пахши барномаҳои телевизонӣ то шаш моҳи дигар ба тавқиф гузоштааст. Дар посухи расмии Кумитаи телевизон ва радиои назди ҳукумат гуфта шудааст, шароите, ки "Азия Плюс" дорад барои пахши барномаҳои телевизони мутобиқат намекунад.

Муҳаммад Ғоиб, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон ва раиси комиссияи литсенизонӣ дар ин бора мегуяд: "Техника надорад, чӣ хел бояд литсензия бигирад? Ягон намуди техника надорад тибқи стандарти ҷаҳонӣ. Фақат ҳуҷҷат пешинҳод кардааст. Радиояшро саришта накарда, инро талаб мекунад. Дар мактуб мушаххасан гуфтем, ки дар сурати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда дархости онҳоро аз нав мебинем. Баъдан қонуни радиову телевизион дар Маҷлиси намояндагон муҳокима шуда истодааст. Ку бубинем, ки масъалаи литсензия дар он чх мешавад."

Муовини раиси Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон афзуд, барои "Азия Плюс" фурсат дода шудааст, то ин масоили техникиро барои дарёфти иҷозаи пахши барномаҳо ҳал кунад.

Муҳаммад Ғоиб ҳамчунин гуфт, мо ба ширкати "Азия Плюс" барои пахши барномаҳои радиоияш низ бо мушкил иҷоза додем ва имруз маълум шуд, ки ин ширкат муқаррароти оинномавии худро риоя намекунад. Ба гуфтаи Муҳаммад Ғоиб, радиои "Азия Плюс" берун аз ҳудуди барояш муайяншуда барномаҳои худро пахш мекунад ва барномаҳои ин радио дар аксар маврид мухолиф ба меъёрҳои ахлоқии пазируфташуда дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Раиси комиссияи литсензионӣ гуфт, ин навоқис дар фаъолияти радиои номбурда ба таври мушахас дар мактуб ба унвони "Азия Плюс" зикр шуда ва аз ин радио тақозо шудааст, то ин камбудиҳоро ислоҳ кунад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки масъулини "Азия Плюс" аз изҳори назар дар мавриди қазия худдорӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 31 ширкати радио ва телевизони ғайридавлатӣ аз ҷумла 3 радиои мустақил амал мекунад.

XS
SM
MD
LG