Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз чанд қочоқбарро боздошт кардаанд



Мирзои Салимпур



Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба маълумоти мақомоти ин кишвар, аз соли 2001 дар Афғонистон ба сар мебурд, ҳангоми убури марзи Афғонистону Тоҷикистон дар гузаргоҳи марзии Фархор бо 2 кило ҳероин ва 4 кило кукнор дастгир шудааст.

Боздошти ин қочоқбар дар натиҷаи як амалиёти муштараки ожонсии мубориза бо маводи мухаддири ҳукумати Тоҷикистон ва гуруҳи марзбонии Русия муяссар шуд. Мақомот мегуянд, ин шаҳрванд тули ин солҳо дар Афғонистон машғули роҳандозии масирҳои қочоқи маводи мухаддир будааст.

Марзбонони рус ҳамзамон хабар доданд, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро бо як халта маводи мухаддир дастгир кардаанд. Ҷамъи маводи мухаддири мусодирашуда аз ин марзшикан ҳудуди 42 кило ҳероин ва беш аз 4 кило бангро ташкил дод.

Дар як амалиёти дигар дар минтақаи марзии Хоруғ бо кушиши марзбонони рус 15 кило чарс кашф ва мусодира шуд.

Дар ҳамин ҳол, генерал Алексей Шуваев, раиси идораи мубориза бо маводи мухаддири шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфт, ҳадди аксари маводи мухаддир ба бозори сиёҳи пойтахти Русия аз Афғонистону Тоҷикистон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG