Пайвандҳои дастрасӣ

Қосим Қосимов шахсияти сиёсии сол эълон шуд



Мирзои Салимпур



Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Қосим Қосимов бар асоси як назарсанҷии хонандагони ҳафтаномаи мустақили "Суғд" маъруфтарин чеҳраи сиёсии соли гузашта дар ин вилоят шинохта шудааст. Наҷмиддини Шоҳинбод, муовини сардабири "Суғд" ва масъули баргузории ин назархоҳӣ мегуяд, ки чунин натоҷи дар пайи пурсиши 5 170 нафар ба даст омадааст.

Тибқи ҳамин назархоҳӣ, додситони вилояти Суғд Тоҷиддин Тураев - ҳуқуқшиноси аввали соли 2002, Фируза Алифова - беҳтарин ҳунарманди соли гузашта ва раиси корхонаи "Нур" Нурулло Усмонов сахитарин шахсияти сол дар вилояти Суғд муайян шуданд.

Ҳафтавори "Суғд" акнун дар садади муайян кардани шинохтатарин шахсиятҳои сиёсат, иқтисод ва ҳуқуқ дар сатҳи тамоми Осиёи Марказӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG