Пайвандҳои дастрасӣ

Марзҳоро кӣ ҳифозат хоҳад кард?



Абдуқайюми Қайюмзод



Кумитаи марзбонии Тоҷикистон омода аст муҳофизати марзҳои ҷанубии кишварашро бо Афғонистон бар души худ бигирад.

Нуралишо Назаров - муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоюикистон рузи панҷшанбе бо эъломи ин хабар гуфт, бо поёни қарордоди ҳузури даҳсолаи нируҳои Хадамоти марзбонии Русия дар Тоҷикистон аз 25 майи соли 1993 кумитаи марзбонии Тоҷикистон пешниҳодоти тозаи худро дар бораи шароити ҳузур ва мақоми ин нируҳо дар марзҳои ҷанубии ин кишвар тавассути вазорати умури хориҷа ироа кардааст.

Оқои Назаров гуфт, барои баҳсу баррасии ин масоили аз ҷониби давлатҳои Тоҷикистону Русия комиссияи махсус ташкил ва тасдиқ шудааст ва дар ояндаи наздик музокироти ҳарду ҷониб дар ин замина оғоз хоҳад шуд ва кумитаи марзбонии Тоҷикистон қасд дорад дар марҳалаи нахуст назорати дидбонгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзиро дар хатти аввали сарҳад бар уҳдаи худ бигирад.

Ба гуфтаи муовини аввали Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, дар ин пешниҳодоти ҷадид масъалаи давра ба давра вогузор шудани муҳофизати марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон аз дасти нируҳои Русия ба Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мушаххас шудааст. Бар асоси бандҳои Созишномаи байнидавлатии дар соли 1993 ба имзорасида ҷониби Русия уҳдадор буд бо омода шудани нируҳои марзбонии тоҷик ҳифозати ин марзро дар ихтиёри марзбонони тоҷик қарор диҳад.

Генерал Назаров ҳамчунин гуфт, марзбонони Русия зимни нодида гирифтани бандҳои тавофуқоти ҳамкориҳои муштараки марзӣ бо марзбонони тоҷик дар ин зимн аслан ҳамкорӣ намекунанд. Илова бар ин шакку тардидҳо дар мавриди ҳамдастии нируҳои марзбонӣ бо қоҷоқчиёни маводи мухаддир миёни нируҳои марзбонии Русия ва Тоҷикистон шиддат ёфтааст ва муовини раиси кумитаи марзбонӣ таъкид кард, ки ба дуҳокимиятӣ дар марзҳои ҷанубии кишвар бояд хотима дода шавад.

Нуралишо Назаров афзуд, нируҳои марзбонии Тоҷикистон танҳо 73 километри хати марзро бо Афғонистон дар минтақаи Қалъаи Хумби вилояти Бадахшон муҳофизат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки 50 дар сади хароҷоти нируҳои марзбонии Русияро дар марз Тоҷикистон пардохт мекунад ва 90 дар сади сарбозони ин хадамот низ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик таъмин мешавад.

Ҷузъиёти ин мавзуъ дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG