Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов бо Кучма мулоқот кард



Мирзои Салимпур



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки ба хотири ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманфоеъ ба минтақаи Қрими Украина рафтааст, дар ҳошияи ин нишаст шоми панҷшанбе бо ҳамтои украиниаш Леонид Кучма дидор ва гуфтугу намуд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Украниа мегуяд, дар ин дидор масъалаи бунёди минтақаи озоди тиҷорат дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд як мавзуъи асосӣ буд ва оқои Раҳмонов кушоду равшан гуфтааст, ки бидуни таъсиси чунин минтақа ояндаи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ маънӣ надорад.

Нишасти расмии сарони кишварҳои ҳамсуд дар Ялта рузи ҷумъа баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG