Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии "Табибони бидуни марз" аз вазъи табобати беморони руҳӣ дар Тоҷикистон



Хиромони Бақозода

Аз 40 000 нафари ниёзманд дар Тоҷикистон танҳо 1 000 нафар бо табобат фаро гирифта шудаанд.

Созмони байналмилалии "Табибони бидуни марз" бо нашри як гузориш дар маҷаллаи электронии ИРИН, ки моли Созмони Милали Муттаҳид аст, мегуяд, вазъи бемориҳои руҳӣ дар Тоҷикистон хеле навмедкунанда буда, ин соҳа ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад.

Хулосаи ин ниҳоди байналмилалӣ дар асоси таҳқиқоти шашсолаи вазъи амрози равонии Тоҷикистон ба даст омад. Тибқи иттилои созмони "Табибони бидуни марз", феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 16 касалхонаи амрози руҳӣ фаъолият дорад, ки ҳудудан 1 000 беморро бо табобат фаро гирифтааст. Аммо вазорати беҳдошт ва созмони "Табибони бидуни марз" бар ин боваранд, ки теъдоди воқеъии гирифторони мушкили равонӣ дар Тоҷикистон ба 40 000 нафар мерасад. Аксари ин беморон ҷавонон буда, умдатан мушкилоти иқтисодиву иҷтимоъии зиндагӣ онҳоро ба чунин дард мубтало кардааст.

Ҷоанна Кокс, ҳамоҳангсози тиббии дафтари созмони "Табибони бидуни марз" дар Душанбе дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар таҳқиқоте, ки мо анҷом додаем, хеле рушан ба зарурати баргузории як ислоҳоти куллии соҳаи амрози руҳӣ дар Тоҷикистон таъкид шудааст. Ва мо онҳоеро, ки фаъолияташон марбути ин масъала аст, даъват ва ташвиқ мекунем, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дасти кумак дароз кунанд."

Ҷоанна Кокс афзуд, натиҷаҳои таҳқиқоти "Табибони бидуни марз" ба кулли созмонҳои имдодии мустақар дар Тоҷикистон, донорҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ирсол шудааст.

Дар як бахши ин таҳқиқот омадааст, 90 дар сади афроде, ки дар марҳилаи аввали зуҳури мушкили равонӣ дар мавриди дастрасӣ ба маводи дорувор тангдаст будаанд, феълан дар вазъи шадидан бад қарор доранд ва ин мушкили онҳо ба як бемории куҳнаи руҳӣ табдил гаштааст. Табибон мегуянд, дар аксари ҳолатҳо, на камбуди дорувор, балки қимати баланди маводи тиббӣ наздикони маризонро дар харидории даво бечора месозад.

Гузориши "Табибони бидуни марз" меафзояд, аз 150 нафари табобатгирифта 100 нафарашн баъди се моҳ боз бо ҳамон дард ба касалхона баргаштаанд.

Созмони "Табибони бидуни марз" аз соли 1997 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар ин муддат дар самти барномаҳои амрози руҳӣ бо таъмини озуқаву маводи дорувори беморон ва таъмири беморхонаҳо талош ба харҷ медиҳад.

XS
SM
MD
LG