Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Айнӣ 24 кило ҳероин ёфтаанд



Мирзои Салимпур



Маъмурони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз як мошини раҳгузар дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд 24 килову 600 грамм ҳероин мусодира кардаанд. Тамғаи мошин "Тойота Лендкрузер" гуфта мешавад, вале мақомот аз ифшои номи соҳиби он ба далели сирри тафтишот ҳануз худдорӣ мекунанд.

Дар ин бора ба хабаргузории "Азия Плюс" сухангуи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Худойназар Асозода хабар дод ва гуфт, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомот ба ҷустуҷуи шарикони эҳтимолии қочоқбар пардохтаанд.

XS
SM
MD
LG