Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Султонов аз ҳабс фирор кардааст



Мирзои Салимпур



Ожонсии "Азия Плюс" аз қавли сардори ситоди раёсати умури дохилаи вилояти Суғд полковник Ш.Умаров навишт, ки аз боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи милисаи ноҳияи Исфара як маҳбус фирор кардааст.

Мақомоти вилоят дар баҳои маълумоте, ки ба боздошти ин ҷинояткор мусодиат кунад, ба маблағи 1 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар кардаанд.

Гуфта мешавад, маҳбуси фирорӣ Ҷамшед Султонов, як сокини 25-солаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара буда, уро бо изни ғоратгарӣ тибқи банди чоруми моддаи 248-уми Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG