Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Робертсон ба Душанбе меояд



Мирзои Салимпур



Бино ба маълумоти департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дабири кулли паймони низомии НАТО Ҷорҷ Робертсон рузи 24 сентябр аз Душанбе дидан хоҳад кард. Оқои Робертсон дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, бо сарвазир Оқил Оқилов, бо вазири хориҷа Талбак Назаров ва ҳамчунин бо руъасои ҳар ду маҷлиси парлумони ин кишвар дидор ва мулоқот хоҳад кард.

Гуфта мешавад, сафари Ҷорҷ Робертсон ба Тоҷикистон дар ҷараёни як силсиласафари дабири кулли паймони НАТО ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат хоҳад гирифт.

Хабаргузории "Азия Плюс", ношири ин хабар меафзояд, дар мулоқотҳои Душанбе ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин паймони низомӣ дар чавкоти густариши фаъолияти нируҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Таври маълум аз моҳи август фармондеҳии нируҳои Айсефро дар Афғонистон паймони НАТО ба уҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG