Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиё боз 110 милён қарз медиҳад



Мирзои Салимпур



Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, Бонки Рушди Осиё тайи солҳои 2004 - 2006 ба Тоҷикистон ба маблағи боз 110 милён доллар қарзи боимтиёз хоҳад дод. Як ёддошти тафоҳум дар ин бора байни сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва мудири бахши ҳамоҳангсозии амалиёти Бонки Осиёӣ Адриан Рутенберг имзо шудааст.

Як ҳайъат аз Бонки Рушди Осиё таҳти раёсати Адриан Рутенберг феълан дар Тоҷикистон ба сар мебарад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфтааст, ин барномаи қарзи 110-милёндолларии Бонки Рушди Осиё ду қарзи минтақавии иборат аз 15 милён доллар ва барномаи сесолаи кумакҳои фанниро низ дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG