Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ меафзояд



Мирзои Салимпур



Хабаргузории "Интерфакс" бар пояи маълумоти кумитаи омори Тоҷикистон навишт, ки дар зарфи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 % афзуда, ҳудуди 2 миллиарду 700 милён сомониро ташкил додааст, ки муодили тақрибан 900 милён доллари Ийолоти Муттаҳида аст.

Маҷмуъи маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 9 % ва маҳсулоти кишоварзӣ 17 % афзоиш ёфтаанд.

Сатҳи таваррум ё худ инфлятсияи пули миллӣ дар 8 моҳи аввали сол 7,4 % будааст. Соли гузашта сатҳи таварруми пули сомонӣ 14,5 дар садро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG