Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоварди ду нишасти додситонҳои кулл



Мирзонабии Холиқзод

Суҳбати додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов пиромуни натоиҷи дидор ва гуфтугуҳои Бишкеку Маскав

Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов рузи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду нишасти муҳими байналиллалӣ -дар вохурии додситонҳои кишварҳои узви паймони Шанхай дар Бишкек ва ба дунболи он дар мулоқоти додситонҳои кишварҳои СНГ дар Маскав, масъалаи истирдоди ҷинояткорон дар қаламрави кишварҳои узви паймони Шанхай ва СНГ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз мавзуъҳои меҳварӣ ба шумор мерафтанд. Ҳарду мавзуъ ҳам бо иқдоми додситони кулли Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ шудааст.

Роҷеъ ба масъалаи таслими ҷинояткорон аз як кишвар ба кишвари дигари узви паймони Шанхай Бобоҷон Бобохонов гуфт: "Қариб ҳамаи кишварҳо ба ин хулоса омаданд, ки ҷинояткоре, ки дар ин ё он кишвар ҷиноят содир мекунад, ҳатман барои истирдоди вай ба кишваре, ки хостори пеш бурдани тафтишот алайҳи ин ҷинояткор аст, ба якдигар кумаки худро расонем."

Оқои Бобохонов афзуд, дар ин нишаст ҳамчунин масъалаи фароҳам овардани заминаҳои қонунии истирдоди як ҷинояткор аз як кишвар ба кишвари дигар баррасӣ шуд. Илова ба ин тасмим гирифта шуд, ки додситониҳои ноҳияҳои марзии кишварҳои узви паймон метавонанд бидуни дастури марказ аз пеши худ ҷинояткорро истирдод кунанд. То кунун ин ҳаққро додситониҳои навоҳии марзӣ надоштанд.

Бобоҷон Бобохонов гуфт, мавзуъи истирдод дар нишасти додситонҳои кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар Маскав низ матраҳ гардид. Акнун бар асоси мувофиқати додситонҳои кишварҳои СНГ дар равиши истирдоди байни ин кишварҳо андаке тағйир ворид карда шудааст. Оқои Бобохонов мегуяд: " Агар ҷиноятко нафақат дар Тоҷикистон, балки масалан дар Русия ҳам ҷиноят содир карда бошад, масъалаи додугирифташ каме кашол меёбад. Акнун масъалаи истирдоди онҳо танҳо баъди тафтишот ва ҳукми ин ҷинояткорон дар кишварҳое, ки онҳо боздошт шудаанд, баррасӣ мешавад."

Аз суҳбати додситони кулл рушан мегардад, ки масалан агар як ҷинояткор аз Тоҷикистон дар Русия паноҳ бурда бошад, то замони тасдиқи гуноҳҳои у аз ҷониби мақомоти интизомии Русия истирдоди у сурат нахоҳад гирифт.

Ҳамчунин дар ин нишаст маърузаи додситони кулли Тоҷикистон дар мавзуъи дифоъ аз ҳуқуқи инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои СНГ, аз ҷумла дар Русия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтаст.

Бобоҷон Бобохонов мегуяд, дар ин мулоқот ба қароре расиданд, ки мақомоти додситонии давлатҳои узви СНГамалу бархурди кормандони амният ва милисаи кишвари худро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон назорат баранд.

Тибқи иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 211 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун ба ҳалокат расидаанд, аз шаҳру вилоятҳои Русия ба Душанбе оварда шудааст. Ва гуфта мешавад, ки бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз тарафи кормандони милиса ва гуруҳҳои дигар таъқибу боздошт, латукуб ва кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG