Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми миначинӣ оғоз мешавад



Холиқи Сангин



Парвиз Маҳмадқулов, намояндаи маркази миллии минарубии Тоҷикистон, 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гуруҳи дуюм ва омузишдидаи ҳамин марказ барои ташхиси мавзеъҳои минагузоридашуда дар минтақаи Тавилдара, 200-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, субҳи сешанбе озими ин минтақа мешавад.

Гуруҳи аввали ин марказ ду ҳафта қабл пас аз анҷоми тамринҳо ҷиҳати безараргардонии минаҳо мустақиман амалиёти поксозиро дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Тавилдара оғоз карда буд.

Бар асоси маълумоти Маркази минарубӣ, ҳудуди 50 ҳектар майдон дар ноҳияи Тавилдара ва дар куҳдоманҳои атрофи он тайи солҳои 1993 то 1997 минагузорӣ шудааст ва ҷои вуҷуди 400 минаи зидинафар то кунун ташхис карда шудааст.

Ба гуфтаи масъули маркази минарубии Тоҷикистон, давраи аввали иқдоми ин марказ ҷиҳати безараргардонии минаҳо дар ноҳияи Тавилдара аз ҷамъоварии маълумот ва суҳбату вохуриҳо бо сокинони деҳкадаҳои ин минтақа иборат буд. Парвиз Мамадқулов мегуяд, гуруҳои минаруб дар ташхиси минаҳое, ки аз тарафи неруҳои ҳукуматӣ замони руёруӣ бо размандагони оппозитсияи пешин гузошта шудаанд, мушкилӣ надоранд, аммо баракси ин дар муайянсозии минаҳое, ки аз тарафи размандаҳои собиқ мухолифин бо мушкилӣ рубаруанд.

Бар асоси маълумоти маркази минарубии Тоҷикистон, аксари минаҳое, ки дар ин манотиқ истифода шудаанд, сохти шуравӣ мебошанд ва тайи 5 соли ахир танҳо дар ноҳияи Тавилдара бар асоси маълумоти расмӣ 55 сокини деҳоти атроф дар натиҷаи бархурд бо ин минаҳо ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG