Пайвандҳои дастрасӣ

"Осиёи Марказии дар ҳоли таҳаввул ва ҳамкориҳои минтақавӣ"



Абдуқайюми Қайюмзод

Таҳти ин унвон дар пойтахти Тоҷикистон як анҷумани байналмилалӣ оғоз ба кор кард.

Чин қасд дорад бо ҷалби таваҷҷуҳи коршиносон ва сиёсатшиносони худ бевосита аз вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумоти бештаре ба даст оварад. Ин масъала дар як конфаронси минтақавие таҳти унвони "Осиёи Марказии дар ҳоли таҳаввул ва ҳамкориҳои минтақавӣ", ки 15 сентябр дар Душанбе бо ибтикори Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо пуштибонии сафорати Чин дар Тоҷикистон сурат гирифт, матраҳ шуд.

У Хунбин -сафири ҷумҳурии Чин дар Тоҷикистон, аз дастандаркорони конфаранси мазкур, равобити ҷамоҳири Осиёи Марказӣ бо Чинро пас аз истиқлолият ба даст овардани ин кишварҳо муҳим арзёбӣ кард. Оқои Хунбин афзуд, ҷамоҳири Осиёи Марказӣ алъон дар ҳоли таҳаввули иҷтимоӣ ва дар марҳалаи ислоҳоти иқтисодӣ қарор доранд ва як идда аз мушкилоте, ки пешоруи ин кишварҳо ва ба вижа Тоҷикистон истодааст, ба шумули мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир барои Чин ҳам дарди сар эҷод кардааст. Вале гуфт оқои Хунбин, Чин ва Тоҷикистон, ки узви созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошанд, ин мушкилотро муштаракан ҳал хоҳанд кард.

У Хунбин мегуяд: "Дар чаҳорчуби тарҳҳои ин созмон барномаи мубориза алайҳи терроризм вуҷуд дорад, ки ман фикр мекунам, ҳам Чин ва ҳам Тоҷикистон дар ин барномаҳо якҷо иштирок хоҳанд кард ва анҷоми ин кор ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд."

Сафири ҷумҳурии Чин бо дарназардошти вазъи феълии Афғонистон, ки ҳануз ҳам ба ҳайси кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир боқӣ мондааст ва бар изофа дар ин кишвар то ба ҳол гуруҳи Толибон фаъолият дорад, гуфт, ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон бар манофеи кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Сироҷиддин Комилов -директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, яке дигар аз баргузоркунандагони ин конфаронс гуфт, ҳадафи асосӣ аз ташкили нишасти мазкур муайян кардани роҳҳо ва усулҳои минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву амниятист. Ба ҳамин хотир, гуфт оқои Комилов, дар кори конфаронс ҳафт тан аз коршиносон ва донишмандони чиноӣ низ даъват шудаанд ва ҳар кадоме роҷеъ ба ин ва ё он масъалаи муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаҳои гуногун гузориш хоҳанд кард.

Аммо Шарофиддин Имомов - мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, яке дигар аз ширкатдорони ин нишаст, таъмини амнияти минтақа ва тавсиаи равобити минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минҷумла Чинро ба Афғонистон ва эътидоли вазъ дар он кишвар марбут донист. Оқои Имомов дар робита ба баҳси марзии Чин ва Тоҷикистон ин нуктаро ёдовар шуд, ки хатти марзи Чин бо Тоҷикистон ҳатто дар замони шуравии собиқ мушаххас нашуда ва ин мушкилот мерос аз ҳамон замон аст. Вале пас аз ба имзо расидани бархе аз созишномаҳо дар сатҳи давлатӣ мушкилоти марз бо Чин аз байн рафт ва дар ҳоли ҳозир омодагиҳо барои ифтитоҳи як гузаргоҳи марзӣ бо ин кишвар, ки қарор аст дар охири соли равон сурат бигирад, идома дорад.

Ба ҳамин тартиб, конфаронси минтақавии мазкур бо ширкати коршиносони Чин ва Тоҷикистон дар рузи 16 сетябр низ идома меёбад ва чуноне Сироҷиддин Комилов зикр кард, ҳамаи понздаҳ гузориши ин нишаст дар шакли китоби алоҳида интишор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG