Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти маводи мухаддир ду карат афзудааст



Мирзои Салимпур



Раиси ожонсии ҳукумати Тоҷикистон дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир Рустам Назаров дар нишасти хабарие дар шаҳри Маскав гуфт, аз аввали сол дар Тоҷикистон беш аз 6,3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки зиёда аз 4,3 тоннаи онро ҳероин ташкил медиҳад. Рустам Назаров ҷамъи маводи мухаддири мусодирашудашуда дар соли равонро дар муқоиса бо соли гузашта 2 маротиба бештар гуфта, афзуд, Тоҷикистон бо чунин мизони мусодираи маводи мухаддир дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад.

Рустам Назаров Афғонистонро як корхонаи ҷаҳонии тавлиди ҳероин ба қалам дода гуфт, бидуни ҳамкории мақомоти Кобул мубориза бо қочоқи маводи мухаддир натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Оқои Назаров гуфт, ожонсии вай роҷеъ ба ифтитоҳи шуъбааш дар Афғонистон бо мақомоти Кобул тавофуқ кардааст.

Рустам Назаров зимнан ба аҳамияти мусоидати байналмилалӣ ба муборизаи кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон бо қочоқи маводи мухаддир таъкид кард ва гуфт, онҳо дар роҳи идомаи ин мубориза пеш аз ҳама ба кумакҳои густардаи моливу фаннӣ зарурат доранд.

XS
SM
MD
LG