Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонон 125 кило ҳероин мусодира карданд



Тоҳири Сафар



Марзбонони узбак дар посгоҳи сарҳадии "Ойбек" миқдори зиёди ҳероинро боздошт карданд, ки дар бастаҳои он "аз номи Усома Бен Лодан" навишта шуда буд.

Кумитаи гумруки Узбакистон гуфт, маводи мухаддир аз дохили автобусе ёфт шуд, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон вориди Узбакистон шуда, роҳ ба суи Русия дошт.

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия навиштааст, ки аз махфигоҳи махсуси автобуси Икарус 125 кило ҳероин ёфт шуд, ки арзиши он 9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ронандаи автобус шаҳрванди Қирғизистон гуфтааст, барои расонидани ин бор ба Русия, ба у мукофоти калон ваъда дода буданд.

XS
SM
MD
LG