Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи дигарро боздошт карданд



Мирзои Салимпур



Маъмурони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар ноҳияи Рашт, полковники мустаъфӣ Баҳриддин Музаффаров, раиси собиқи ин ноҳия ва фармондеҳи пешини Фронти Халқии Тоҷикистонро дар маҳалли зисташ, ноҳияи Ҳисор боздошт кардаанд.

Раиси ин шуъбаи милиса, подполковник Мирзохуҷа Аҳмадов, ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, Баҳриддин Музаффаров дар куштори 15 сокини осоиштаи Рашт, ки бо гуруҳҳои даргири ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ягон робита надоштанд, муттаҳам мешавад. Мирзохуҷа Аҳмадов гуфтааст, ки қурбониҳои Музаффаров асосан кудакон, пирон ва зиёиёни ғармӣ буданд.

Ҳамроҳ бо у, як муҳофиз ва ронандаи мошини хидматиаш низ боздошт шудааст. Мақомот ин ду нафарро ҳам дар куштори мардуми осоишта шарик меҳисобанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе шарҳи ин хабарро аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хоҳиш карданд. Аммо муовини вазири дохила Тоҷикистон, Давлатназар Булбулшоев, дар бораи боздошти Баҳриддин Музаффаров изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, чунин иттилоъ ба шуъбаи навбатдории вазорати онҳо нарасидааст.

Баҳриддин Музаффаров дар солҳои ҷанг фармондеҳии як бахши нируҳои давлатиро дар водии Рашт ба уҳда дошт ва баъдан бо қарори ҳукумат раиси ин ноҳия таъйин шуд. Баъди бознишаста шуданаш, у дар ноҳияи Ҳисор истиқомат мекард ва раёсати шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ин ноҳияро ба уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG