Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шоҳроҳи Кулоб-Душанбе фоҷиа рух дод



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Бар асари як таркиш дар мавзеъи Гулистони шоҳроҳи Кулоб-Душанбе, дар 170 километрии пойтахт, 4 автомашина, 1 трактор ва як нуқтаи фуруши бензин оташ гирифта, як кудак ва як зан фавтид.

Мирзо Ҳасанов, иҷрокунандаи вазифаи сардори Бозрасии Давлатии Автомобилии Кулоб, 13 сентябр дар суҳбати телефонӣ гуфт, сабаби таркиши нуқтаи бензингирӣ ва оташ гирифтани панҷ адад техника аз кор баромадани тормозҳои мошинаи МАЗ будааст.

Автомашинаи МАЗ, ки болои он ҳудудан чанд тонна бензин будааст, ба мошинаи боркаши тамғаи ЗИЛ бархурдааст, ки дар назди нуқтаи бензингирӣ меистод. Бар асари бархурд, ҳар ду автомобил таркида, алангаи оташ 3 мошини канори роҳро фаро гирифтааст. Бар асари инфиҷори мошинаҳо нуқтаи бензинфурушӣ низ оташ мегирад.

Як зан, ки дар маҳалли ҳодиса будааст, дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Як кудаки дигар, бар асари ҷароҳат дар бемористон аз олам гузашт. Соли гузашта, бар асари ҳамингуна садама дар роҳи Кулоб-Шурообод 6 нафар фавтида буд.

XS
SM
MD
LG