Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абуалӣ ибни Синоро дар бахши илму техника дар соли 2003-ум эълон кард. Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ, Алиҷон Ғоибов ва Ҷавлӣ Султонов, устодони донишгоҳи тиббӣ дар бахши улуми тиб ва Раҳим Маъруфов дар бахши кишоварзӣ барандагони ҷоизаи Ибни Сино дониста шудаанд.

Миёни вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи омузиш, фарҳанг ва ҳунар як тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Ин санад дар ҷараёни сафари вазири фарҳанги Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин санад, Эрон барои ба стандарти байналмилаллӣ мутобиқ кардани табъу нашр дар Тоҷикистон ва ширкати фаъоли ин кишвар дар намоишгоҳи фарҳангии созмони ЭКО дар тирамоҳи соли равон, мусоидат хоҳад кард.

Рузи панҷшанбе, 11 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе шоми ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои террористии Вашингтон ва Нйю-Йорк баргузор гардид. Дар театри опера ва балети Садриддин Айнии Душанбе ба ин муносибат ҳунарнамоии оркестри асбобҳои камеравӣ таҳти роҳбарии Толиб Шаҳидӣ доир шуд.

Инчунин дар шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд низ баргузор гардид. Дар ин маҳфил фарҳангиён, донишмандон ва инчунин меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG