Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зайд Саидов бо Никол Фантейн мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Хонум Никол Фантейн, вазири саноати Фаронса дар роҳи бозгашт аз Афғонистон шоми рузи чоршанбе, 10 сентябр бо Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон, дидор ва мулоқот кард.

Зайд Саидов гуфт, дар ин мулоқот масъалаи дурнамои ҳамкориҳо аз ҷумла имкони мусоидати Фаронса дар иҷрои барномаи таҷдиди Корхонаи алюмини Тоҷикистон барасӣ шудааст: "Як қисми таҷҳизоти Заводи алюминийи мо тавлиди Фаронса аст. Мо дар бораи таҷдиди ин завод бо таҷҳизоти муосир гуфтугу кардем. Ҳамчунин сармоягузорони Фаронса ба саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон тавваҷуҳи зиёд дорад."

Вазири саноати Фаронса инчунин бо вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон мулоқот кардааст. Зимни ин мулоқот дар бораи заминасозӣ ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар сохтмони ниругоҳои барқи обӣ ва ворид кардани таҷҳизоти кишоварзӣ баҳс ва табодули назар шудааст.

Ба гуфтаи сухангуи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зимни ин мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои сеҷониба миёни Тоҷикистон Фаронса ва Афғонистон низ баррасӣ шудааст.

Аммо сатҳи муносиботи иқтисодӣ миёни ду кишвар қонеъкунанда намебошад. Корхонаҷоти муштараки саноатӣ мавҷуд нестанд ва Фаронса то кунун дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузории қобили таваҷҷуҳе низ накардааст. Бино ба маълумоти расмӣ, табодули мол миёни ду кишвар дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ, танҳо ҳудуди 700 ҳазор долларро ташкил додааст.

Аммо дар барномаи мубориза бо тероризм Фаронса наздиктарин шарики низомии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои аврупоист. Фаронса танҳо кишвари узви Эътилофи байналмиллалии зиддитеррористист, ки сарбозони худро дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон мустақар кардааст ва таъминоти нируҳояш дар Афғонистонро аз тариқи Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ва ин ҳамкориҳо дар заминаи низомӣ, мақомоти Тоҷикистонро барои густариши муносибот бо Фаронса дар дигар бахшҳо низ умедвор кардааст.

XS
SM
MD
LG