Пайвандҳои дастрасӣ

Ёде аз Аҳмадшоҳи Масъуд



Раҳматкарими Давлат

Доктор Чингизи Паҳлавон: "Гоҳо метавон муқовимат ва ҷиҳоди Афғонистонро бо номи Масъуд хулоса кард."

Рузи 11 сентябр маҳфили ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳи фақиди муқовимати Афғонистон бо ширкати донишмандон ва пажуҳишгарон аз кишварҳои мухталиф дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони муқовимат алайҳи шуравӣ ва фармондеҳи нируҳои зидди Толибон дар ду соли пеш дар рузи 9 сентябр, ду руз қабл аз ҳодисаҳои терористӣ дар Нйю-Йорк ва Вашингтон ҳадафи террори ду маргталаби араб қарор гирифт ва кушта шуд.

Бархе аз пажуҳишгарони таърихи муосир менависанд, зиндагиномаи Масъуд таърихи се даҳаи охири Афғонистон аст. Доктор Чингизи Паҳлавон пажуҳишгари масоили минтақа дар маҷмуъае зери унвони "Марде устувор ба ирода ва умедвор ба уфуқҳои дур" навиштааст: "Гоҳо метавон муқовимат ва ҷиҳоди Афғонистонро бо номи Масъуд хулоса кард."

Аммо бо гузашти ду сол аз набуди Масъуд дар саҳнаи сиёсӣ ва низомии Афғонистон оё касе тавонист, ҷойгоҳи уро пур кунад ва ё ҳади аққал қисмате аз рисолати уро бикашад? Таҳлилгари маҷҷалаи "Итоги" чопи Маскав дар гузорише аз ҷараёни баргузории Луи Ҷирга ё маҷлиси бузурги афғонҳо менависад: "Акнун афғонҳо саргарми баҳс дар бораи пешвоӣ дар ин кишвар ҳастанд. Агар Аҳмадшоҳи Масъуд зинда мебуд, чунин баҳсҳое сурат намегирифт, зеро у як пешвои харизматик ва бидуни баҳс барои Афғонистон буд."

Латифи Пидром, шоир ва пажуҳишгари афғони муқими Фаронса низ мегуяд: "Аз таърихи ташкили Афғонистон аз соли 1747 ба баъд, як чунин шахсияти камтар дошт. Хусусияти Масъуд ин буд, ки як одами бисёр ватанпараст буд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ шароите ҳозир намешуд, нисбат ба озодӣ ва истиқлоли Афғонистон бо қудратҳои берунӣ, бо касоне, ки мехостанд, Афғонистонро ба сурати мустаъмира ва ё вобаста ба худ ва ё таҳти фармони худ нигаҳ доранд, мувофиқат бикунад. Ба ҳамин далел ин одам сахтиҳои зиёде кашид. Барои мо, барои мардуми Афғонистон, бешак як чеҳраи барҷаста ва қобили эҳтиром аст."

Аммо боз ҳам далели таваҷҷуҳи бештари мардуми Тоҷикистон ба шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд дар чист? Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, дар хотираҳояш мегуяд, вақте Кобул ба дасти Толибон суқут кард, Масъуд даъвати мулоқот бо ман кард ва ман интизор доштам дар бораи барномаи идомаи муқовимат суҳбат мекунад, вале у гуфт: "Акнун нахустин коре, ки мо бояд бикунем, ба ҳар қимммате бояд мусоидат кунем, то сулҳ дар Тоҷикистон зудтар барқарор шавад".

Масъуд ба унвони охирин сад дар сари роҳи пешравии наҳзати иртиҷоии "Толибон" ба суи марзҳои Осиёи Миёна ва хусусан Тоҷикистон миёни мардуми ин суи Ому низ аз маҳбубияти хосу ом ба бархудор гашт. Генерал Саидамир Зуҳуров, муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ, мегуяд, баъд аз суқути Кобул, Тоҷикистон ба танҳо ақибгоҳи нируҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд табдил шуд. У мегуяд, Масъуд боеътимодтарин шарики мо дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҳаракати Толибон ба суи марзҳоямон буд.

Аммо ба эътиқоди генерал Зуҳуров, муҳимтар аз ин ҳам хидмати Масъуд дар барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон аст: "Хизмати аз ҳама бузургтари Аҳмадшоҳ Масъуд, ин барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон аст. Шахсан ман бисёр хуб медонам, ки чӣ ҷонбозиҳое кард Аҳмадшоҳ Масъуд ба хотири он ки дар ватани аслии тоҷикон доим сулҳу субот бошад. Бинобар ҳамин ман ҳеҷ гоҳ, хидматҳои Аҳмадшоҳро, на ин ки ман мардуми тоҷик низ фаромуш накунад. Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ фикру ақидае дошт бо ман суҳбат мекард ва маслиҳат мепурсид, агарчӣ муҳтоҷи маслиҳати ман набуд."

Ба гуфтаи шоҳидон, дар музокироти сулҳи миёни тоҷикон гоҳо ба хотири барқарории сулҳ, Масъуд ду ҷониб хусусан мухолифини давлатро ба гузаштҳое дар баробари шароит водор мекард. Ин боиси то кунун хушбин набудани бархе аз чеҳраҳои мухолифин ба шахси Масъуд аст.

Аммо бо барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон, Масъуд тавонист, икмоли нируҳои худро аз тариқи ин кишвар хубтар ба роҳ бимонад ва дар тули ин ҳама замон раиси ҷумҳури Тоҷикистон талош мекард, таваҷҷуҳи бештари кишварҳоро ба муборизаи Нируҳои Шимол бо толибон ҷалб кунад. Акнун аз мусоҳибаҳои мақомоти Тоҷикистон ва ҳам роҳбарони Ҷабҳаи Шимоли Афғонистон бо матбуот маълум мешавад, ки талошҳои ду ҷониб мубориза бо Толибон ва ҷалби таваҷҷуҳи байналмиллал ба қазия аксаран ҳамоҳанг сурат мегирифтааст.

Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, вазири маориф ва мушовири раиси давлати интиқолии Афғонистон мегуяд: "Дар шароите, ки аксарияти кишварҳо миллат ва мардуми Афғонистонро танҳо гузошта буданд, ин миллати шуҷоъ ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон дар канори миллат ва давлати Афғонистон қарор гирифт. Дар ҳассостарин ва душвортарин шароит дар канори мо буданд. Ва ман яқин дорам, ки агар ҳамкории миллати Тоҷикистон ва раҳбарии Тоҷикистон вуҷуд намедошт, мо имруз на дар Кобул, балки дар ҷабҳаҳоти муқовимат мебудем."

Ба ҳамин тартиб, ду ҷониб ифтихори мубориза бо терроризм ва барқарории сулҳ дар Афғонистонро (албатта бо мусоидати ҷомеаи байналмиллал) бо ҳам мебинанд.

Аммо бархе таърихнигорон менависанд, бо марги Аҳмадшоҳи Масъуд як давраи томи таърихи Афғонистон ва минтақа поён пазируфт. Марги у ҳамзамон бо ҳаводиси террористии бесобиқа дар Амрико сароғози таҳҳавулоти ҷадид дар минтақа ва эъмори назми нави сиёсати ҷаҳон шуд.

Масъуд агарчанд дар Афғонистон умдатан ба унвони як сипаҳсолор ва фармондеҳ машҳур ва матраҳ буд, аммо воқеъият ин аст, ки кам касе ҳатто дар дохили Тоҷикистон тавонистааст, аз чунин маҳбубият миёни қишрҳои ҷомеа хусусан фарҳангиён бархурдор шавад. Яке бо номи Масъуд китоби шеърашро оғоз мекунад ва яке ба ифтихори у фарзандашро Масъуд ном мениҳад.

Шоираи пуровозаи тоҷик Гулрухсор: "Аҳмадшоҳи Масъуд аз мо рафтанд, аммо чанд модари тоҷик, ки писар ба дунё овардааст, Масъуд ном ниҳодаанд. Зи баъди сад ҳазорон сол, Зи қаъри сад қабат хоки сияҳ, Аламҳои ту бар ёдам расанд, Фарёд хоҳам кард."

Аммо шоираи дигари тоҷик, Шаҳрияи Аҳтамзод, Бунёди фарҳангиеро бо номи Аҳмадшоҳи Масъуд таъсис кардаст ва мегуяд ҳадафаш густариши бештари равобит миёни ду кишвар ва поси хотири шахсиятҳое мисли Масъуд аст:

"Ту мояи нози мо будӣ, Аҳмадшоҳ, сарбайти баёзи мо будӣ, Аҳмадшоҳ.

Бар ҷониби кӣ намози худ бигзорам, ту каъбаи рози мо будӣ, Аҳмадшоҳ.

Ба эътиқоди фарҳангиёни Тоҷикистон, Масъуд болотар аз як шахсияти низомӣ ва сиёсӣ, балки як ормон буд. Ва ормон намемирад. Аммо у дигар сокини шаҳри Душанбе нест, вале соли дуввум аст, ки ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон зери марсияхонии шоирони тоҷик дар ҳаққи Масъуд доир мешавад.

XS
SM
MD
LG