Пайвандҳои дастрасӣ

Рузи истиқлол дар Тоҷикистон таҷлил шуд



Мирзонабии Холиқзод



Субҳи чоршанбе, 9 август, таҷлили 12-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бо паради ҳарбии неруҳои муаллаҳи кишвар оғоз ёфт. Сарбозон ва афсарони вазорати дифоъ, вазорати амният, умури дохила ва вазорати ҳолатҳои фавқулодда бо риояи низоми қадамзании ҳарбӣ аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар пояи он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва намояндагони дигари ҳукумат қарор доштанд, мегузаштанд.

Аммо аз неруҳои ҳавоии Тоҷикистон ба ҷуз аз 7 чархболе, ки дар ҳарими ҳавоӣ пайдо шуд, дигар ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ё навъҳои дигар аз силоҳҳои неруи ҳавоӣ зоҳир нашуданд. Ва қушуни танкӣ низ дар ин намоиш ширкат накард.

Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, 12 соли мустақилият шароитеро фароҳам овард, ки Тоҷикистон соҳиби артиши худ шуд. Ва намоиши ҳарбӣ низ дар рузи истиқлол таҳти фармондеҳии вазири дифоъи ҳамин кишвар сурат мегирад: "Шумо бубинед, то расидан ба истиқлол намоиши ҳарбӣ дар Тоҷикистон, дар доираи муқаррароти замони шуравӣ сурат мегирифт ва онро фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи ҳавзаи Туркистони шуравӣ ё муовини у фармонфармоӣ мекард, имруз чӣ? Артиши худӣ ва вазири дифоъи ҳамин кишвар намоишро қабул ва назорат мекунад."

Ва аммо аксари мардуми мулкӣ аз ҷумла сокинони пойтахт изҳори норозӣгӣ намуданд, ки бо шуруъи намоиш кормандони амният ва милиса иҷозат надоданд, ки онҳо аз наздик паради ҳарбиро тамошо кунанд. Кормандони милитсия иддаъо мекарданд, ки фармони махсус аст, ки то соати 12 руз ҳаракати мардумро ба майдони намоиши ҳарбӣ иҷозат надиҳанд.

Бархе аз кормандони милитсия сабаби инро чораи амниятӣ ба хотири таъмини амнияти президент дар маъракаҳои рузи истиқлол шарҳ медоданд. Ва аммо дар соати 11 руз пас аз як соати анҷоми намоиш ҳарбӣ ҳалқаи милисаҳо пароканда шуд ва мардум тавонистанд, дар боғи марказӣ истиқлолиятро истиқбол кунанд.

XS
SM
MD
LG