Пайвандҳои дастрасӣ

Дувоздаҳ соли истиқлоли Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Тоҷикистон ба чӣ соҳиб шуд ва чиро аз даст дод?

Раванди инкишофи дувоздаҳ соли мустақилиятро дар Тоҷикистон коршиносон ва таҳлилгарони масоили минтақа ба ду марҳила яке то имзои Созишномаи умумии сулҳ ва дуввум аз сулҳи миллӣ то ба имруз марбут медонанд. Ба назари коршиносон, хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳи умумӣ имкон дод, Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил мавҷудияти худро дар харитаи олам ҳифз кунад.

Аммо коршиносон шуруъи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистонро оғози тағйироти ҷиддӣ, дар сиёсати берунаи Тоҷикистон медонанд. Қосимшо Искандаров, ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ба маҳзи оғози амалиёти низомии Эътилофи байналмиллал дар Афғонистон, ҷомеаи байналмиллал ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса нишон дод: "Мусаллам аст, бояд манфиатҳои кишварҳои дигари ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида дар ин минтақа ба назар гирифта шавад. Ва мо мебинем, ки дар солҳои ахир бахусус Иёлоти Муттаҳида, Инглистон, Фаронса ва ғайра пойгоҳҳое дар ин минтақа ташкил карданд, на танҳо ҳузури иқтисодӣ, балки ҳузури низомии худро ташкил доданд."

Суҳроб Шарифов - директори Пажуҳишгоҳи тадқиқотҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ низ бар ин ақида аст, ки пас аз ҳаводиси Афғонистон сиёсати берунаи Тоҷикистон дучори таҳаввуллот шуд ва Тоҷикистон аз зери сояи Русия то андозае раҳо гардид:"Сиёсати берунаи Тоҷикистон як равияи нави ғарбӣ пайдо кард. Агар мо марҳилаи аввалро дар назар дошта бошем, вектори сиёсати беруна танҳо давлатҳои ҳамсоя буданд ва дар доираи ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд Русия буд. Яъне дар сиёсати Тоҷикистон як маҳдудияти географӣ буд. Лекин пас аз соли 2001 Тоҷикистон як равияи навро интихоб кард, дар ин ҷо Тоҷикистон ҳамкориашро бо кишварҳои арабӣ, Афғонистон, Чин, Покистон, кишварҳои Осиёи Ҷанубушарқӣ вусъат дод. Тоҷикистон барои худ Амрикову кишварҳои Аврупоро кушод ва баръакс."

Вале дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилаллии молиявӣ ва кумакрасонро нигаронкунанда мехонанд. Ба назари онҳо, ҳукумати кишвар натавонистааст дар роҳи истиқлолияти иқтисодии кишвар бо истифода аз қарзҳо ва кумакҳои муассисаҳои молиявӣ иқдоми шоистае ба анҷом расонад.

Коршиноси мустақили тоҷик, Исмоил Раҳматов, чунин ақида дорад, ки дар сурати истифодаи оқилонаи қарзҳои хориҷӣ, Тоҷикистон метавонист, аз лиҳози иқтисодӣ низ мустақилияти худро таъмин кунад: "Дар масъалаи сиёсати иқтисодӣ мувафаққиятҳои назаррас нестанд. Қарзу грантҳои калони хориҷиро мегиранд, аммо онҳо бемасъулона истифода мешаванд. Қарзҳои кишвар ба якуним миллиард доллар баробар шудааст."

Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба дувоздаҳумин солгарди истиқлолияти кишвар гуфт, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ру ба руи хатароте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст, яъне терроризм ва маводи мухаддир қарор дорад.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон дар танҳоӣ имконияти рафъи мушкилоти мавҷудро надорад ва Русия, шарики стратегии Тоҷикистон ҳам бо иллати мушкилоти иқтисодӣ наметавонад, марзи беш аз ҳазоркилометраи Тоҷикистонро бо Афғонистон ҳифозат кунад, аз ин хотир онҳо дарёфти кумакҳои моливу низомии мамолики ғарбӣ ва ташкили камарбанди амниятӣ ва таъсиси Эътилофои байналмилаллии зидди маводи мухадирро дар атрофи Афғонистон иқдоми муҳим арзёбӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, Тоҷикистон ба хотири расидан ба аҳдофи мазкур ва таҳкими мавқеи худ дар минтақа, сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Ба назари коршиносон, дар чанд соли пеш Тоҷикистон бо назардошти ҳузури устувори Русия дар минтақа, наметавонист, сиёсати дарҳои бозро интихоб кунад.

Аммо имруз бо такя ба кумакҳои молии давлатҳои ғарбӣ ва Амрико ва ҳамчунин бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии худ, Тоҷикистон дар васати манофеъи ин кишварҳо бо Русия қарор гирифтааст. Ба назари коршиносон, аз ин ба пас дурнамои сиёсати берунаи Тоҷикистонро бархурди ин манофеъ муайян хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG