Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се узви Ҳизб-ут-таҳрирро дастгир карданд



Мирзои Салимпур



Бино ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, мақомоти интизомии Тоҷикистон ахиран се нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони манъшудаи Ҳизб-ут-таҳрир дар ҷануби ин кишвар дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, ҳар се дастгиршуда аз узбакҳои сокини ин минтақа мебошанд. Хабаргузории русии "Интерфакс" маҳалли боздошти ин се нафарро ноҳияи Ёвон гуфтааст.

Дар ҷануби Тоҷикистон фақат бори дуввум аст, ки бо чунин иттиҳом афродро боздошт мекунанд. Қаблан бо иттиҳоми иртибот бо Ҳизб-ут-таҳрир умдатан мардуми сокини канораҳои Душанбе ва шимоли Тоҷикистон боздошт мешуданд.

Ҳизб-ут-таҳрир дар солҳои 50-уми асри гузашта дар Ховари Миёна таъсис ёфт, вале дар тайи даҳ соли охир афзоиши фаъолиятҳои ин созмони мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад.

Ин созмон таъсиси як хилофати исломиро дар қаламрави кишварҳои ин минтақа ҳадафи худ қарор дода, мегуяд, барои ба даст овардани ин ҳадаф танҳо аз роҳҳои осоишта мубориза хоҳад бурд.

Аммо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди таъқиби шадиди мақомот қарор доранд ва фаъолияташ дар ин минтақа ғайриқонунӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG