Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазораи шоири маъруфи тоҷик таҷлил мешавад



Раҳматкарими Давлат



Ҳамоиши бузургдошти ҳазораи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ зери унвони "Рузгор, осор ва афкори Носири Хусрав" рузи шанбе бо ҳузури шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабии ҷаҳон дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд.

Хонум Нигина Шаропова, муовини сарвазири Тоҷикистон ва раиси Кумитаи баргузории ҷашни шоир ва донишманд дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш гуфт, Носири Хусрав шоир, ҳаким ва донишманди гаронбаҳоест, ки осори вай дар радифи дигар мероси арзишманди фарҳанги тоҷикӣ аз ҷойгоҳи баланде бархурдор аст.

Вазири фарҳанги Эрон низ зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, даъват ба хирад ва хирадмандӣ дар осори Носири Хусрав мавҷ мезанад ва у олими бузурге буд, ки дар асри худ бо ибтикори фаровон ва бо баёни расо забони форсиро тақвият ва густариш дод. Доктор Масҷид Ҷомеъӣ афзуд, пардохтан ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва адаби форсӣ вазифаи кишварҳои форсизабон аст ва дар соли оянда бузуругдошти Носири Хусрав дар Ирон низ баргузор мешавад.

Доктор Хунзои Фидо Али Итхор аз Покистон, зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, мардуми исмоилимазҳаби Покистон худро мадюни Бадахшон қадамҷои Носири Хусрав медонад, зеро аз ҳамин сарзамин нури хирад, ҳикмат ва илму ирфон ба он манотиқ низ расидааст.

Латифи Пидром, шоири тавонои Афғонистон, ки дар мавзуъи исмоилия дар донишгоҳи Сорбони Фаронса рисолаи докторӣ менависад, гуфт Носири Хусрав он ҳакими бузург дорои шахсияти чандбуъдӣ аст, ки мутаасифона ба далели таасуботи мазҳабӣ дар тули таърих, ба у камтар пардохта шудааст ва афзуд ҳамоиши Душанбе ин девори таҳаҷҷурро шикаст ва акнун Носири Хусрав бояд дар фарҳанги форсӣ дар ҷойгоҳи аслии худ қарор бигирад.

Гуфтанист симпозиуми байналмиллалии "Рузгор афкор ва осори Носири Хусрав" то се рузи дигар идома хоҳад дошт ва рузи 8 сентябр дар зодгоҳи ин ҳаким шаҳраки Қубодиёни Тоҷикистон бо пардабардорӣ аз муҷассамаи вай ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG