Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавоби деринтизори номаи рузноманигорон расид



Раҳматкарими Давлат

Ним сол пеш сардабирони нашрияҳои давлатӣ ва мустақил аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буданд, андози рузномаҳоро кам кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз гузашти шаш моҳ билохира ба мактуби саркушодаи сармуҳаррирони нашрияҳои кишвар посух гуфта ва ваъда додааст, ки масоили матраҳнамудаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар ҷавобияи ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ба вазорату мусассисаҳои марбута амр шудааст, ки масъалаи кам кардани андоз ва боҷи гумрукӣ аз нашрияҳоро барасӣ карда ва хулосаҳои худро дар зарфи 10 руз ба ҳукумат ироа намоянд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон мегуяд: "Муовини сарвазири Тоҷикистон ба масъулони як қатор вазоратҳои кишвар дастур додааст, дар муҳлати 10 руз пешниҳоди моро баррасӣ намоянд ва ҳуҷҷати мувофиқанамудаи худро ба ҳукумат ироа кунанд."

Дар моҳи апрели соли равон сардабирони нашрияҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳур ва парлумони кишвар хостори бозбинии масъалаи андозсупории нашрияҳо шуданд. Дар ин нома бо ишора ба мушкилоте, ки дар масъалаи табъу нашр вуҷуд дорад, дархост шуда буд, ки дар муҳлати даҳ сол нашрияҳо аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод сохта шаванд.

Аммо ин муроҷиати сардабирон тули чанд моҳ мавриди таваҷҷуҳи мақомоти ҳукумат қарор нагирифт ва ҷавоби ҳукумат ба сардабирон танҳо баъд аз муроҷиати дубораи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ба унвони ҳукумат муяссар шудааст.

Масъулини нашрияҳои ҳукуматӣ ва мустақил мегуянд, дар ҳоли ҳозир васоити ахбори омма ва муассисаҳои нашаротӣ ба мисли соири корхонаҳои саноатии кишвар андоз месупоранд ва аз ҳеҷ гуна имтиёзе бархурдор нестанд. Акнун посухи ҳукумат ба дили масъулини нашрияҳо умед афкандааст. Онҳо умедворанд, ки масъалаи мазкур ниҳоят як роҳи ҳалли нисбии худро пайдо хоҳад кард ва ҳадди аққал аз андозҳое, ки болои васоити ахбор бор аст, коста хоҳад шуд.

Раҳим Сайдалиев - сардабири рузномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" - яке аз онҳое, ки ба номаи мазкур имзо гузошта буд, мегуяд ҳал шудани ин масъала ҳамзамон имкони ҳалли дигар мушкилоти молии дохили рузномаҳоро низ фароҳам мекунад: "Ба ҳайси як муҳаррири як нашрияи ҳукуматӣ мехоҳам, бигуям, ки мо ягон имтиёз нисбати кам кардани андоз надорем. Агар имтиёзҳое пайдо шавад, ман фикр мекунам, мо метавонем, аз ҳисоби маблағҳои боқимонда, маоши рузноманигоронро зиёд кунем, нашри рузномаро афзоиш диҳем."

Акнун вазорати даромад ва пардохтҳо, вазорати молияи Тоҷикистон саргарми таҳияи аснод ва ҳамоҳангсозии масъалаи додани имтиёз ба нашрияҳо мебошанд ва интизор меравад, ин масъала дар миёнаи моҳи сентябр дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Нашрияҳои чопи Душанбе низ дар рузи ҷумъа ҳамагӣ аз посухи ҳукумат истиқбол карда ва навиштанд, агар ҳукумат ба ин иқдом даст бизанад ва дархости рузномаҳоро ба таври мусбат ҳал бикунад, пас иқдоме кардааст дар ҷиҳати мусоидат ба раванди рушди озодии сухан дар кишвар.

XS
SM
MD
LG