Пайвандҳои дастрасӣ

Милисаи рабудашударо раҳо карданд



Мирзои Салимпур



Бино ба иттилоъи хабаргузории "Азия Плюс", як милисаи тоҷик, ки аз суи қочоқбарони афғон ба гарав бурда шуда буд, аз роҳи музокирот аз раҳо шудааст.

"Азия Плюс" гуфтааст, рузи 1-уми сентябр тақрибан 40 нафари марзшикан вориди як русто дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шурообод ва дар ин ҷо бо нируҳои милиса вориди даргирӣ шуданд.

Дар натиҷаи ин задухурд як корманди миилса кушта, якеи дигар захмӣ шуд. Ҳамчунин як старшинаи милиса дар пайи ин даргирӣ ба дасти гуруҳи қочоқбар гаравгон афтод. "Азия Плюс" аз қавли манбаъи худ гуфтааст, раҳоии ин гаравгон аз роҳи музокирот муяссар шуд ва акнун онҳо дар садади аз қочоқбарон баргардонидани 3 мил автомати Калашников ҳастанд.

XS
SM
MD
LG