Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбарон милисаҳоро куштанду рабуданд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Тибқи иттилоъи расмӣ, нимрузи 1 сентябр гуруҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон дар деҳаи Навободи Сари Чашма дар ноҳияи Шуробод 16 километр дуртар аз марзи Афғонистон ба кормандони полис дарафтоданд. Бар асари задухурд, як афсари пулис кушта гардид. Қочоқчиён як тан аз кормандони милисаро сахт захмӣ карда, нафари дигарро, асир гирифта, бо худ ба Афғонистон бурдаанд.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Абдураҳмон Азимов, раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, ба ин мавзеъ гуруҳи фаврии кумита таҳти сарварии полковник Беков - сарвари бахши иктишофӣ ва полковник Назаров - муовини раиси раёсати ҳифзи сарҳад рафтаанд.

Аммо як мақоми баландрутба аз ҳамин кумита, ки номи худро фош накард, гуфт, бархурди ахирӣ, ки дар он як афсари пулис кушта гардид, муомилоти номуваффақонаи дохилии наркобаронҳост. Ҳамин манбаъ таъкид кард, ки 3 руз қабл аз ин ҳодиса дар мавзеъ марзбонони рус 260 кило ҳероинро мусодира карданд.

XS
SM
MD
LG