Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоиши неруҳои зудамал хотима ёфт



Раҳматкарими Давлат



Размоиши неруҳои Бригадаи зудамали вазорати дохилаи Тоҷикистон рузи сешанбе дар як пойгоҳи низомӣ дар 15 километрии шимоли шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин размоиш беш аз 20 танку зиреҳпуши ҷангӣ ва ҳудуди 500 нафар сарбозони ин бригада ширкат доштанд.

Генерал Суҳроб Қосимов, фармондеҳи Бригадаи зудамали вазорати дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз баргузор кардани ин размоиш дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон озмоиши омодагии ҷангии неруҳо ҷиҳати таъмини амният дар вазъияти изтирорӣ мебошад.

Суҳроб Қосимов афзуд, мавзуи ин размоиш аз миён бурдани як гуруҳи дусаднафараи террористии фарзӣ буд, ки гуё вориди қаламрави Тоҷикистон шуданд ва нируҳои вазорат дар ин амалиёт ба ҳадафи худ даст ёфтанд.

Гуруҳе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, ки ҷарёни ин размоишро назорат мекарданд, дар суханрониҳои худ дар назди сарбозон аз артиши Тоҷикистон ба унвони артиши дорои маҳорат, таҷрибаи кофии ҷангӣ дар минтақа ном бурданд.

Бригадаи таъиноти хоси вазорати дифоъи Тоҷикистон дар соли 1994 таъсис шуда ва дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи неруҳои мусаллаҳи мухолифин ва гуруҳҳои саркаш ва шуришгар дар дохили кишвар ширкат карда ва аз воҳидҳои муҷаҳҳаз ва муҳими неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол дар пойгоҳи низомии Лоҳур, дар 40 километрии Душанбе низ размоиши муштараки ҳайъати фармондеҳии неруҳои Фирқаи 201-уми Русия, неруҳои марзбонии ин кишвар мустақар дар Тоҷикистон ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо ҳадафи ҳамоҳангсозии фаъолиятҳояшон дар ҳолатҳои фавқуллода оғоз шудааст. Ин размоиши муштарак то 6 сентябр идома хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG