Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ҳудуди 2 миллион муҳассил дорад



Абдуқайюми Қаюймзод



Якуми сентябр, дар оғози рузи нави хониш дар Тоҷикистон 1 миллиону 700 ҳазор хонандаи тоҷик вориди синфхонаҳо шуданд. Ин нуктаро вазири маорифи Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ба муносибати оғози соли таҳсили 2003 - 2004 дар яке аз мактабҳои пойтахт баён дошт.

Ба гуфтаи вазири маорифи Тоҷикистон, шумораи муҳассилини тоҷик дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 5 ҳазор нафар зиёдтар аст. Аммо Сафаралӣ Раҷабов вазири маорифи Тоҷикистон нарасидани омузгорони соҳиби таҳсилоти олӣ ва китобҳои дарсиро мушкилоти умда дар ин соҳа медонад.

Файзулло Партоев, сардори идораи мактабҳои миёнаи вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфт, созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Рушди Осиё, Хазинаи Оғохон ва ОПЕК дар бахши маорифи кишвар, минҷумла ҷиҳати интишори китобҳои дарсӣ сармоягузорӣ мекунанд: "Бонки Осиёии Рушд китоби риёзиёт барои хонандагони 40 ҳазор нусха китоби риёзиёт барои синфи панҷумро таҳия намуд. Дар айни замон дар Хазинаи Байналмиллалии Рушди ОПЕК дастхати китоби дарсии "Таърихи Халқи Тоҷик" барои синфи 6, алгебра барои синфҳои 7 ва 9 , дар Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди сектори иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон бошад, дастхати китоби дарсии "Таърихи Халқи Тоҷик" барои синфи 5, ҷуғрофияи синфи 8 омодаи чоп мебошад."

Бар асоси маълумоти вазорати маорифи кишвар, дар соли равон сохтмони бинои 7 мактаб аз ҳисоби қарзҳои Бонки Исломии Рушд барои 5200 муҳассил ба итмом расид. Вале татбиқи барномаи вазорат барои бо компютер таъмин кардани макотиби кишвар, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ бо кундӣ пеш меравад.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG