Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон боз ба Тоҷикистон грант дод



Мирзонабии Холиқзод



Ҳукумати Ҷопон бо пуштибонӣ аз 17 тарҳи кучак дар соҳаи беҳдошт ва таълиму парвариши Тоҷикистон ҳудуди як миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт намуд.

Ба ин муносибат 1 сентябр ҳайъати ҳукумати Ҷопон ҳамроҳ бо сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Акио Кабато, дар меҳмонхонаи "Каён"-и пойтахт маросими маблағсупориро ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корхонаҳои ғайридавлатие, ки тарҳҳоро пиёда мекунанд, баргузор намуд. Аксари грантҳо ба созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъол мебошанд, дода шуд. Аз ҷумла ду кумакпулӣ дар ҳаҷми 130 ҳазор доллар ҷиҳати таъмини беморхонаи Дарвоз ва Рушони Бадахшон бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ба созмони байналмиллалии Оғохон тақдим шуд.

Ва ба ин монанд тарҳҳо барои сохтмони мактабҳо дар навоҳии Варзоб ва Кофарниҳон ба созмони байналмиллалии "Кея Интернешнл" дода шуд. Ва дар роҳи татбиқи се тарҳ дар масъалаи тармим ва эҳёи системаи обёрӣ дар шаҳри Кулоб ва дар ноҳияи Восеъ дар ҳаҷми 120 ҳазор доллар ба созмони ғайридавлатии "Чора" тахсис дод.

Бо ифтитоҳи сафорати Ҷопон дар Душанбе, аз январи соли 2002-ум инҷониб ҳукумати Ҷопон барои татбиқи 74 тарҳи кучак ва миёнҳаҷм, ба Тоҷикистон се миллион доллар кумаки бебозгашт кардааст.

XS
SM
MD
LG