Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози соли нави таҳсил дар Кулоб



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Дар соли хониши нав дар ин шаҳр 2200 нафар муаллим ба беш аз 42 ҳазор толибилм дарс хоҳанд гуфт.

Паси рафҳои бозорҳои марказии Хатлон аз фурушандагон ва саҳни бозорҳо аз ҳаммолу мошиншӯйҳо ба якборагӣ холӣ шуд. Якуми сентябр фаро расид. Ва мударрисин, ки бо иллати камии маоши моҳона ба тиҷорати хурд машғуланд, ҳамроҳ бо муҳассилини камбизоат, ки тариқи мошиншуйӣ руз мегузаронанд, либоси нав ба бар карда, суи мадрасаҳо шитобиданд.

Якуми сентябр дари 54 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба руи беш аз 4600 кудак дар мавзеъи Кулоб боз гардид ва онҳо барои нахустин бор паси партаҳо нишастанд. Тибқи омори расмӣ соли хониши нав 2200 нафар муаллим ба беш аз 42 ҳазор толибилм дарс хоҳанд гуфт. Ин дар ҳолест, ки маоши моҳонаи муаллимон онҳоро иҷборан ба корҳои ба истилоҳ "берун аз синфӣ" мебарад ва чаканафурушон, қассобон, пиёзу сабзифурушон ва таббохони бозорҳои маҳаллӣ усулан ҳамин мударрисонанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, беш аз 90 дарсади макотиб пурра бо муаллимони касбӣ таъминанд. Аммо дониши мударрисини ҷавон дар сатҳи паст қарор дорад ва ба талабот ҷавобгу нест. Дар ҳамин ҳол идораи маорифи минтақа муаллимони собиқадорро, ки синнашон аз 65-70 сол беш аст, ба кори тадрис ҷалб мекунад ва ба онҳо маоши баланд медиҳанд.

Талаб Нозимов, раиси идораи маорифи Кулоб мегуяд: "Қобили қайд аст, ки соли хониши ҷорӣ, зиёда аз 6 нафар муаллимони собиқадор, ки дар солҳои гуногун мактабро тарк карда буданд, аз нав бо мусоидати ҳукумати шаҳр ба кор ҷалб карда шуданд."

Ва аммо теъдоди литсейу гимназияҳо, ки макотиби типи нав маҳсуб мераванд, дар баробари макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дигар наафзуд. Нахустин литсейҳо ҳануз соли 1997 дар мантақа рӯи кор омаданд ва шумораи онҳо аз се адад зиёд нашуд. Ин дар ҳолест, ки қиммати таълим дар ин макотиб нисбат ба гимназияву литсейҳои пойтахти кишвар ба карат арзон аст.

Пирмурод Сабуров директори литсейи раками 1-и Кулоб мегуяд, қиммати моҳи хониш дар мактабҳои типпи нав аз 15 то 20 сомонӣ аст ва аммо сатҳи дониши кудакон хеле болост: "Дар литсейи мо ҳамаи шароит барои таълиму тарбия фароҳам шудааст. Синфхонаҳо муҷаҳҳаз шудаанд, омузгорон низ мерасанд. Сармоягузорони мо падару модарон ҳастанд, ки ҳар мо пули хониши фарзандонашонро мепардозанд."

Далели дигар низ ҳаст, ки сатҳи дониши толибилмин пайваста мекоҳад. Бархе муҳассилини синфҳои дуюм ва сеюм як калимаро пайваст карда наметавонанд. Соли ҷорӣ макотиби таҳсилоти ҳамагониро 1600 нафар хатм кард. Коршиносон мегуянд, аз ин теъдод шумораи хеле ками онҳо ба макотиби олӣ шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG