Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тавилдара махфигоҳи силоҳ кашф шуд



Мирзонабии Холиқзод



Бахши робитаҳои ҷамъиятии вазорати амнияти Тоҷикистон 29 август иттилоъ дод, ки дар минтақаи Тавилдара шарқи ин кишвар як махфигоҳи бузурги аслиҳа кашф шуд.

Намояндаи маркази робитаҳои ҷамъиятии вазорати амният Аҳрор Зокиров ба Радиои Озодӣ гуфт, ин махфигоҳ дар доманаи куҳи назди деҳкадаи Лайрони ҷамоати Сангвор, 40 километр дуртар аз маркази ноҳия ёфт шуд ва аз он ҷо 1 гранатамёт бо 33 дона гулулааш, 5 яроқи зиддитанкӣ, 1 миномёт ва миқдори зиёди дигари лавозимоти ҷангӣ кашфу забт шуд.

Тибқи гузориши гуруҳи ҷустуҷуии амнияти ноҳияи Тавилдара, силоҳҳои ин махфигоҳ дар солҳои ҷанги дохилй дар ин мавзеъ пинҳон карда шудаанд. Замони ҷанги дохилӣ атрофи деҳкадаи Лайрон яке аз саҳнаҳои асосии ҷангҳои низомиёни вазорати дифоъи Тоҷикистон бо размандаҳои Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик буд.

Бархе аз манбаъҳо мегуянд, ин силоҳҳо ба кадоме аз фармондеҳони пешини оппозитсия таалуқ дорад, ки пас аз татбиқи бахши низомии Созишномаи сулҳ силоҳҳои худро таслими сохторҳои ҳарбии ҳукумати накардааст.

Аммо манобеъи дигар мегуянд, ки дар моҳи феврали соли 2001-ум Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи пешини Ҳаракати Исломии Узбакистон, қисме аз силоҳҳои худро дар ин ҷо пинҳон намуда, ба Афғонистон убур карда буд.

XS
SM
MD
LG