Пайвандҳои дастрасӣ

"Ориёно" Душанбеву Кобулро аз нав васл кард



Раҳматкарими Давлат



Ширкати ҳавопаймоии "Ориёно" нахустин парвози худро дар хати Кобул- Душанбе анҷом дод. Ин парвоз дар чаҳорчуби тавофуқоти Ширкати "Ориёно" бо ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" сурат мегирад.

Дар нахустин парвоз дар қатори мусофирон як ҳайъат аз вазорати транспорт ва масъулини ширкати "Ориёно" низ ба Душанбе омада, бо мақомоти ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" дар мавриди ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба музокирот намуданд.

Муҳаммад Шафеъ Рашидӣ муовини раиси ширкати ҳавопаймоии "Ориёно" дар ин маврид гуфт: "Ин парвоз ман муътақид ҳастам, ки ба сурати давомдор боқӣ хоҳад монд ва ҳамеша парвозҳои мо, ҳафтае як парвоз аз ҷониби Афғонистон ба Тоҷикистон ва аксаш аз Тоҷикистон ба Афғонистон сурат мегирад. Ва ин иншоолоҳ давомдор аст. Албатта дар мавриди судманд будани ин қаблан музокирот сурат гирифт ва муфид буд."

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар гузашта ду навбат парвозҳои худро ба Кобул ба роҳ андохт, вале бино бар кам будани мусофирон ин парвозҳо идома накард. Акнун қарор шудааст, ки парвози Кобул-Душанбе ҳар ҳафта як маротиба, дар рузи панҷшанбе тавассути ҳавопаймои навъи "Боинг", ки қодир ба ҳамли 150 нафар аст, сурат бигирад. Роҳкирои ҳавопаймо 85 доллари амрикоӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG