Пайвандҳои дастрасӣ

Назаров ва Черкессов эъломия имзо карданд



Раҳматкарими Давлат



Миёни Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии назорат бар маводи мухаддир дар Русия як эъломияи ҳамкорӣ дар заминаи муборизаи муштарак бар зидди тавлид, қочоқ ва истифодаи маводи мухаддир ба имзо расид.

Виктор Черкесов - раиси Кумитаи назорат бар маводи мухаддир дар Русия баъд аз имзои ин санад гуфт, ин нахустин талоши ниҳодҳои муборизакунанда бо маводи мухаддири ду кишвар дар заминаи ҳамоҳангсозии фаъолиятҳояшон мебошад: "Ин нахустин санади дуҷониба миёни Кумитаи давлатии Русия ва Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон аст. Мо бо раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳоямонро баҳс кардем. Бар асоси санаде, ки ба имзо расонидем, мо метавонем, акнун ба табодули ахбор, баргузор кардани амалиёти муштарак ва тафтиши ҳамоҳанги парвандаҳо оғоз кунем."

Дар ҳамин ҳол Рустам Назаров - раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон таъкид кард, бидуни ҳамкории ниҳодҳои марбутаи кишварҳо мубориза бо маводи мухаддир имкон надорад: "Бидуни ҳамоҳангсозии барномаи фаъолияти ниҳодҳои марбута ва ҳамкории хадамоти махсуси кишварҳо, кори мубориза бо маводи мухаддир пурсамар воқеъ нахоҳад шуд. Ва аз ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии Русия умедвор ҳастем фаъолиятамон пурсамартар бишавад."

Виктор Черкесов ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда ва зимни ин мулоқот роҷеъ ба таъсиси як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон ва инчунин таъсиси Эътилофи байналмиллалии зидди маводи мухаддир табодули назар кардаанд.

Оқои Черкесов зимни нокофӣ хондани иқдомоти анҷомшуда, дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир то кунун, хостори тағйири стратегияи кашф ва бархуд бо гуруҳҳои ҷинояткоре, ки ҷараёни интиқоли маводи мухаддиро зери назар дорад, шудааст.

Ҳамчунин тавофуқ шудааст, ки намояндагиҳои Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар нуқоти мухталифи Русия ва намояндагии Кумитаи давлатии Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.

XS
SM
MD
LG