Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ захираҳои обии худро танзим карда наметавонанд?



Тоҳири Сафар

Назари таҳлилгарони ғарбӣ доир ба ин масъала.

Дар даврони шуравӣ захоири обии Осиёи Марказӣ бештар барои обёрии киштзорҳо истифода мешуд, на барои тавлиди неруи барқ. Кишварҳои фаровон аз об Тоҷикистону Қирғизистон ба Узбакистону Туркманистону ва Қазоқистон об медоданд ва дар иваз аз ин кишварҳои саршор аз нафту газ сузишворӣ мегирифтанд. Пас аз суқути Шуравӣ ин система аз байн рафт ва талош барои ҳифзи манофеъи миллии худ, сабаби моҷароҳо байни мамолики сарчашмаи об ва истифодабарандагони он шуд.

Девид Люйис раҳбари барномаи Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин маврид мегуяд: "Масъалаи об яке аз факторҳои асосии танишҳо миёни кишварҳои минтақа аст. Мушкили асосӣ тақсими захоири муҳими об дар кишварҳои куҳии сарчашмаи об Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ки мамолики поёни рудхонаҳо ба мисли Туркманистону Узбакистон ба оби онҳо ниёз доранд. Заминҳои ин ду кишвар махсусан пахтазорҳо, як манбаи аслии даромади Узбакистон, вобастаи оби ду кишвари ҳамсоя аст. Натиҷаи нокомии давлатҳои мазкур бе имзои мувофиқатнома оиди ин масъала боис шудааст, дар тобистон ду кишвари истифодабаранда, оби кофӣ надоранд, ва ду кишвари соҳиби об энергияи кофӣ барои ниёзмандиҳои худ."

Бидуни сузишвории нафтӣ аз ҷумла газ шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон асосан неруи барқ истифода мебаранд. Аз ин ҷиҳат барои тавлиди барқ дар кишварҳои мазкур оби обанборҳо бештар сарф мешавад, ки ин сабаби беоб мондани кишварҳои поёни рудхонаҳо мегардад.

Мушкили об аз назари кишварҳои донори минтақа дур намондааст. ЮСАИД Барномаи Рушди Байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарҳеро барои беҳбуд бахшидан ба коргузорӣ дар тақсими захираҳои обӣ амалӣ мекунад, ки он барои рушди иқтисодӣ ва амнияту суботи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Кен МакНамара коршиноси ЮСАИД барои Осиёи Марказӣ мегуяд, ниёзмандиҳои энергетикӣ барои кишварҳои сарчашмаи об аз ҷумла Қирғизистон масъалаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад: "Ман тавре шумо ишора мекунед, эҳсос намекунам, ки ин кишварҳо омодаи ҷанг бар сари об бошанд. Дар Осиёи Марказӣ захираҳои кофии об вуҷуд дорад, ки ниёзмандиҳои мардуми онро бароварда тавонад. Дар Қирғизистон масъалаи асосӣ ниёзмандиҳои энергетикӣ аст. Ин масъала мушкил боқӣ мемонад. Ман воқеан ба ин назарам, ки дар чанд соли оянда кишварҳои минтақа ба созише мерасанд, ки ба ҳалли мушкилоти онҳо кумак мекунад."

Ба гуфтаи МакНамара, яке аз чораҳое, ки метавонад ҷанҷолҳои мавсимӣ бар сари обро кам кунад, ин коҳиш додани масрафи бефоидаи оби Сирдарё барои тавлиди барқ ва дуздии неруи барқ аз системаи энергетикии Қирғизистон аст. МакНамара мегуяд, 40 фоизи неруи барқи Қирғизистонро бефоида масраф мекунанд ва медузданд.

Аниса Карлсон, мушовири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури зист, низ чун МакНамара хушбин аст. Вай мегуяд, об дар Осиёи марказӣ метавонад, сабаби ҷанҷолу муноқишаҳо гардад, аммо таҷрибаҳои байналмиллалӣ нишон додаанд, ки захираҳои обӣ бештар сабаби ҳамкориҳои шудаанд, то муноқишаву моҷароҳо.

Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Созмони Милал дар конфронси байналмилалии Оби тоза дар Душанбе, ки масоили тақсими захоири обӣ дар Осиёи марказӣ дар он баррасӣ мешавад, ҳузур хоҳанд дошт. Аммо Маҳмуд Ал-Ҳусайн, мутахассиси Пажуҳишгоҳи байналмиллалии идораи захираҳои обӣ мегуяд, аз нишасти Душанбе интизороти зиёд надорад: "Ман дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ ширкат кардаам. Он чӣ дарёфтам муттаасифона ин буд, ки ҳозирон ба масоили ҳассос даст намезананд ва масъалаҳои асосӣ баррасӣ намешаванд. Пас мо бояд чӣ кор кунем, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дарди ҳамдигарро фаҳманд ва тамоми масоилро руи миз гузошта мушаххас ва воқеъбинона баррасӣ кунанд, ки чӣ гуна метавон ба созиш расид. Аммо дар ҳоли ҳозир он чӣ мо эҳсос мекунем, ин аст, ки мамолики минтақа мавқеъҳоеро интихоб кардаанд, ки созишпазир нест. Мо ба механизми миёнаравии мустақил ва нейтрал ниёз дорем, ки на ба натиҷа, балки ба раванди муколама ва музокирот таъсир ва кумаки амалӣ расонад."

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарчанд барои тақсими босамари захираҳои оби минтақа соли 1992 Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсоз таъсис дода буданд, вале дар ин масъала ба нокомӣ ру ба ру шудаанд.

XS
SM
MD
LG